Санаи 05.06.2024 тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷаласаи васаеи ҳисоботӣ ташкил ва баргузор гардид.
   Дар маҷлиси ҳисоботӣ Усмонзода Муслим- мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва аъзои Кумитаи ноҳиявии ҳизб Давлатов Аббос, роҳбарият ва аъзоёни ташкилоти ҳизбӣ иштирок намуданд. Манзур аз баргузории ҷаласаи мазкур натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Муҳандис” шурӯъ аз моҳи июни соли қабли то инҷониб ва вазифагузориҳо барои соли минбаъда маҳсуб меёфт.
   Ҷаласаро директори Коллеҷ номзади илмҳои техникӣ, Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳандис” Рабизода Наҷибулло ифтитоҳ намуда, масъалаҳои рӯзномаи маҷлисро ба самъи иштирокчиён расониданд. Садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кулли иштирокчиёни ҷаласа бо садои зинда аз эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллии аъзоёни ин ҳизби созанда шаҳодад медод.
Рӯзномаи ҷаласаи ҳисоботӣ чунин масъалаҳоро дар бар мегирифт:
   1.Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда.
    2.Дар амал татбиқ намудани Қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25.05.2023,№1 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ;
    3.Интихоби аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоӣ.
    4.Масъалаҳои ташкилӣ (қабул ба сафи ҲХДТ).
  Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳандис”директори Коллеҷ Рабизода Н, қабл аз ироаи маърӯзаи ҳисоботии хеш аз натиҷаи фаъолияти солонаи ташкилот, ки маълумотҳои дақиқу таҳлилиро дарбар мегирифт, аҳли иштирокчиёни ҷаласаро ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрик намуда, ба ҳозирин саломатии бенуқсон, дар кору фаъолияташон пешравиҳои назаррас ва ба Тоҷикистони азиз фазои абадии сулҳофарро таманно намуданд.
    Раиси ташкилот бо ифтихор зикр намуданд, ки Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми самти фаъолияти хешро барои побарҷо будани сулҳу амонӣ дар кишвар ва зиндагии осоиштаи мардуми меҳанпарасти Тоҷикистон равона намудааст. Ин ҳама талошу заҳматҳои шабонрӯзии Раиси муаззами ҳизб аст, ки имрӯзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистон зиндагии осуда ва дар сатҳи ҷаҳонӣ тоҷикон ҳамчун миллати мутамаддин шинохта мешаванд.
   Боиси ифтихор аст, ки дар Коллеҷ шурӯъ аз моҳи ноябри соли 2011 ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳандис”, фаъолият менамояд, ки сенздаҳсол қабл аъзоёни ин ташкилоти навтаъсисро 15 нафар ташкил медоданд. Бо тақвият додани корҳои таблиғотӣ ва мустаҳкамии ақлу идроки роҳбарият ва коллективи меҳанатию ҳайати донишҷӯёни муассисаи таълимӣ ин шумора имрӯзҳо даҳчанд афзудааст. Ташкилот фаъолияти худро зери роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” дастуру супоришҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Кумитаи иҷроияи шаҳрию ноҳиявии ҳизб, инчунин Оиннома ва Барномаи ҳизб ба роҳ мондааст.
    Ҳадафи асосии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳандис” ин саъю талош намудан баҳри тарғибу ташвиқи ғояҳои асосии давлатдорӣ ва давлатсозии навини тоҷикон дар байни аъзоёни ҳизб ва ҷавонону наврасони Коллеҷ, инчунин роҳандозӣ намудани мақсаду мароми Оинномавию барномавии ҲХДТ, муттаҳидии ақлҳои солими ҷомеа бо роҳи таблиғи ҳадафмандона баҳри расидан ба идеологияи ягонаи миллӣ дар ҳамдасти бо масъулини ҳизб мебошад. Баҳри амалии нақшаҳои худ Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳандис” нақшаи кории худро вобаста ба самтҳои асосии фаъолияти барномавии ҲХДТ таҳия намуда, иҷроиши онҳо давра ба давра таъмин намуда истодааст.
     Айни замон дар ҳайати ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳандис” 156 нафар аъзо мебошанд, ки аз ин шумора 100 нафари онро донишҷӯён ташкил медиҳанд. Раиси ташкилот оиди тамоми чорабиниҳои фарҳангӣ, тарбиявӣ, илмӣ, варзишӣ ва корҳои созандагӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳои муассиса, ки дар доираи талаботи нақшаи ҳизбӣ ташкил ва баргузор гардиданд маълумоти муфассалро бо инъикоси рӯнамо баён намуданд.
   Пас аз ироаи ҳисоботи Раиси ташкилот муовини директор оид ба корҳои таълимӣ Мисралиев Ф.Д, ва муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Файзуллоева Д.Н. ба музокира баромада пешниҳод намуданд, ки ҳисоботи Раиси ташкилот Рабизода Наҷибулло, ки дарвоқеъ тамоми бурду бохти муассиса дар самти бо муваффақият анҷом додани корҳои ҳизбиро дар бар мегирифт қаноатманд ҳисобида шавад.
   Сипас Усмонзода Муслим -мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба сухан баромада, аз хизматҳои бенгуқсони Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи истиқрори сулҳи пойдор ва эҳёи ваҳдати миллӣ ба хотири зиндагии осоиштаи мардуми фарҳангсолору ватандӯсти Тоҷикистон сухан намуданд. Дар баробари ин Усмонзода Муслим минатдории Раёсати Кумитаи иҷроияи ҳизбро ба роҳбарият ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Муҳандис” барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҳизб ва фаъолияти назарраси ташкилот баён намуданд. Дар фарҷоми ҷаласа Раиси ташкилот тамоми аъзоёни онро ҷиҳати омодагии ҷиддӣ дидан барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва нишон додани масъулияти баланди касбӣ ва миллӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ вазифагузориҳо намуданд. Раиси ташкилот бо боварии комил изҳор намуданд, ки аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳандис” дар оянда низ фаъолияти худро тибқи талаботи Оиннома, Барнома, низомномаҳо ва дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҳизб ба роҳ монда, ҷиҳати роҳандозӣ намудани сиёсати созандаи ҳизб кӯшиш ба харҷ дода, баҳри дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни бузургӣ миллӣ 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ боз ҳам мустаҳкам намудани мавқеъ ва нуфузи ҳизб дар ҷомеа аз ҳамаи имкониятҳо самаранок истифода менамоянд.
     Дар ҷамъбасти маҷлис дар фазои тантанавӣ ба ғолибони даври ноҳиявии Озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва иштирокчиёни “Ҷоми ҷаҳон оид ба варзиши сайёҳӣ роҳнавардӣ ва велосипедронӣ” ки дар вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил ва баргузор гардида буд, бо “Ифтихорнома”, “Сипоснома” ва мукофотпулӣ қадрдонӣ намуданд.

Leave a Comment