Санаи 14 июни соли 2024 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Коллеҷ бо мақсади тақвият додани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандону донишҷӯён семинари омӯзишӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар семинар номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муовини сардори шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Рухшона Маҳмадалӣ, роҳбарият, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Ба кори семинар ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Файзуллоева Диилрабо Назурвалиевна оғоз бахшида, қудуми меҳмони гиромиро ба муассисаи таълимӣ шодбош гуфта, ташкил ва баргузории ин семинари омӯзиширо дар доираи эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз ҷониби Пешвои миллат саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон қайд намуданд, ки раёсати муассисаи таълимӣ бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи эълон намудани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” Нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ намуда, дар ин самт чорабиниҳои гуногунҷанбаъ давра ба давра ташкил ва гузаронида мешаванд.
Баргузории семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки коршиносон барои омӯзгорон ва донишҷӯён яке аз воситаҳои асосӣ барои баланд бардоштани маърифатӣ ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад.
Сипас муовини сардори шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Рухшона Маҳмадали ба сухан баромада аз ташаббуси роҳбарияти муассиса ҷиҳати ташкили чунин семинари омӯзишӣ изҳори минатдорӣ намуданд. Мавсуф қайд намуданд, ки риояи қонунҳои дар кишвар амалкунанда аз ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ новобаста аз ҷинс ва сину сол масъулияти баланди миллиро тақозо менамояд ва ташкилу баргузории семинарҳои омӯзишӣ яке аз воситаи тақвият додани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон маҳсуб меёбад.
Инчунин Каримзода Рухшона Маҳмадалӣ бо ифтихор иброз намуданд, ки пас аз ироаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ”, ки дар он соли 2024 аз ҷониби сарвари давлат ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид, аз 30 декабри соли 2023 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024” таҳти №668 ба тасвиб расонида шуд. Дар тавзеҳоти фармони мазкур мақсад ва вазифаҳои асосӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар муайян карда шудааст.
Дар тавзеҳот қайд карда мешавад, ки: “Мақсад аз қабули фармони мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад”. Дар идома таъкид гардид, ки маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун тахайюлоти инсонӣ мафҳуми васеъро дар бар гирифта, маҷмуи мураккаби ҳодисаҳои ҳаёти ҳуқуқиро дар бар мегирад. Дар он пеш аз ҳама, муносибатҳои ҳуқуқӣ, қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, рафтори ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ, равонии ҳуқуқӣ ва амсоли инҳо дар мадди аввал меистад. Зеро огоҳӣ ва донистану ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ метавонад, шаҳрвандонро дар ҳимояи ҳуқуқи худ ва таъмини риояи уҳдадориҳои давлату ниҳодҳои давлатӣ ва ё мақомотҳои байналмилалӣ кӯмакрасон бошад.
Дар баробари ин намояндаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди масъалаҳои мубрами рӯз шомил нашудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ , истифодаи бемавриди шабакаҳои иҷтимоӣ, риояи ҳамаҷонибаи қонунҳои миллии ҷумҳурӣ аз ҷумлаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва Қонуни Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуданд.
Дар қисмати ҷамъбастии семинар иштирокчиён ба коршиноси соҳа саволу ҷавоб намуда, оид ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.