ТАНЗИМ БА ЗИНДАГӢ БАРАКАТ МЕОРАД!
Таҳти ҳамин унвон санаи 04.12.2024 дар толори конференсионии Коллеҷ тибқи дастури Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Коллеҷ бо мақсади амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҳамоиши илмӣ- сиёсӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар ҳамоиш мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Норасов Абдуалим, роҳбарият, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо мақсади эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ бо садо додани Суруди Миллии Ҷумҳури Тоҷикистон аз ҷониби иштирокчиёни чорабинӣ оғоз карда шуд. Ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ Мисралиев Фахриддин Денбегиевич зимни сухани ифтитоҳии хеш бо шукргузорӣ аз танинандоз будани фазои сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистони азиз ва пойдории сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенити Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории чунин чорабинии сатҳи баланди маърифатидоштаро ҷиҳати тақвият додани ин қонуни миллӣ, яъне Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” саривақтӣ маҳсуб донистанд. Мавсуф қайд намуданд, ки бо мақсади амалӣ намудани қонуни мазкур дар муассисаи таълимӣ Нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда, бо фармоиши директор Комиссияи ҷамъиятӣ таъсис дода шудааст.
Сипас мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Норасов Абдуалим ба сухан баромада, қайд намуданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” санади муҳимест, ки ҳамчун қонуни миллӣ шинохта шуда, барои аз байн бурдани ҳама гуна расму оинҳои хурофотӣ ва нолозиму серхароҷот нақши мусбат гузошт. Дар яке аз баромадҳои хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиёи кишвар иброз доштанд, ки “То расму ойин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем”. Танзим баракати зиндагист. Умуман, дар ҳар кор масъулият ва дурандешӣ касро ба мақсад мерасонад. Назму тартиб хеле муҳим аст ва зиндагиро ба маҷрои даркорӣ мерасонад. Дарвоқеъ, масъалаи ба миён омадани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳам ба ҳамин мақсад равона гардидааст. Ин Қонун метавонад дар бунёд ва рушди ҷомеаи солими аз лиҳози иҷтимоӣ пешрафта замина гузорад, зеро бунёди ҷомеа аз оила сарчашма мегирад.
Тибқи барномаи ҳамоиш мудири кафедраи фанҳои табиию риёзӣ Фарухи Набии Ёрзода дар мавзӯи “Танзим – омили ташаккули маърифати сарфакорӣ” ба самъи иштирокчиён расониданд. Дар фарҷоми ҳамоиш байни масъулин ва иштирокчиёни чорабинӣ музокира ба миён гузошта шуд. Чорабинӣ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда шуд.

Leave a Comment