Санаи 19.03.2024 дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор карда шуд, ки дар он роҳбарияти муассисаи таълимӣ, меҳмонон ва омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Чорабинии мазкурро директори муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе номзади илмҳои техникӣ Рабизода Наҷибулло ифтитоҳ намуда иброз дошт, ки ҷашни Наврӯзи оламафрӯз яке аз қадимтарин ва густардатарин ҷашнҳои мардумони ориёитабор маҳсуб ёфта, умри дарози зиёда аз шашҳазорсолаи худро дорад.
Дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ҷашнеро, ки ба монанди Наврӯз пайдо кардан маҳол аст, ки аз замонҳои хеле дур падид омада, асолати худро то имрӯз ҳифз карда бошад. Воқеан Наврӯз аз бостонитарин ҷашнҳои миллии мардуми ориёист, ки то рӯзгори имрӯзаи мо пойдор мондааст. Боиси хушҳолӣ аст, ки Наврӯз дар Ватани аслии худ яъне Тоҷикистони азиз башарофати истиқлоли давлатӣ ва азму талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати-миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардида, ба ҷашни милию давлатӣ, рамзи ваҳдату ҳамдилии мардум табдил ёфтааст. Дар интиҳои баромадаш роҳбари муассиса ҳамаи иштирокчиёнро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта дар ин баҳори нозанин бурдборию сарбаландӣ ва баҳори пурфайзро таманно намуданд.
Ҳамзамон омӯзгорону донишҷӯёни муассиса хони Наврӯзии пур аз нозу неъмат оростаро ба марази тамошо гузоштанд.
Дар ҷамъбаст ба як қатор омӯзгорони соҳибтаҷриба, донишҷӯёни аълохону фаъол ва ғолибони бозиҳои варзишӣ аз ҷониби роҳбарияти муассиса бо “Диплом” ва “Сипоснома” қадрдонӣ карда шуданд.
Дар қисмати охири чорабинӣ дастаи фарҳангии Коллеҷ бо рақсу сурудҳои дилнишин хотири ҳозиринро шод намуд.