ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ, ДАРСИ СУЛҲ ВА ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ

Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе» ба муносибати Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил, инчунин дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад Файзуллоев Комил — сармутахассиси Раёсати таҳсилоти миёнаи касбии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти муассиса, омӯзгорон ва кормандон иштирок намуданд.
Зимни ҷамъомад таъкид гардид, ки Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар оғози соли нави таҳсил аҳамияти хосса дошта, ифодагари эҳтиром ба дониш, илму маърифат, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва арзишҳои созандаи ҷомеа мебошад. Қайд карда шуд, ки маҳз дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ барои рушди илму таҳсилот, тарбияи насли соҳибмаърифат ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир шароити мусоид фароҳам меояд.
Дар идомаи чорабинӣ таъкид гардид, ки 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишвар ҷашни муҳиму таърихӣ буда, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла рушди соҳаи маориф, илм ва омодасозии кадрҳои соҳибкасб, маҳсули сулҳу субот ва сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Роҳбарияти муассиса омӯзгорону кормандонро ба муносибати Рӯзи дониш, Дарси сулҳ, оғози соли нави таҳсил ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаи таълимию илмӣ ва меҳнатӣ муваффақиятҳои назаррас таманно намуд.
Ҷамъомад дар рӯҳияи эҳтиром ба дониш, илму маърифат, сулҳу ваҳдат, ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ баргузор гардид.
Таъкид гардид, ки соли нави таҳсилро аҳли коллективи Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бо ниятҳои нек, масъулияти бештар ва ҳадафҳои созанда дар роҳи рушди илму таҳсилоти касбӣ ва таҳкими дастовардҳои даврони истиқлол оғоз менамояд.

Оставьте комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Прокрутить вверх