Chair of energy and automobile transport

Муминова Сайёра Табаровна

Мудири кафедраи  энергетика ва нақлиёти автомобилӣ

     Кафедраи  энергетика ва нақлиёти автомобилӣ фаъолияти  худро  аз соли 2016  мувофиқи  санадҳои меъёрию  ҳуқуқии  ҶТ, Вазорати  маориф  ва  илми  ҶТ, Оинномаи  муассисаи  таълимӣ  ва  Низомномаи  кафедра  ба  роҳ  мондааст. Дар назди кафедра ихтисосҳои зерин амал мекунанд:

    2-080101.01 Таълими касбӣ (мошинсозӣ); 2-080101.31 Таълими касбӣ (нақлиёти автомобилӣ); 2-080101.05 Таълими касбӣ (сохтмон); 2-430101.31 Истифодабарии таҷҳизоти нерӯгоҳҳо ва неругоҳҳои хурди барқӣ; 2-430103 Таъминоти барқ (аз рӯи соҳаҳо)

    Дар кафедра фаъолият менамоянд:

  • 25  нафар омӯзгорон, ки аз он;
  • 6 нафар омӯзгорони асосӣ,
  • 5 нафар омӯзгорони ҳамкори дохилӣ
  • 14 нафар омӯзгорони  ҳамкори  беруна 
  •  Аз шумораи  умумии омӯзгорон:
  • 9 нафар номзади илмҳои техникӣ,
  • 11 нафар муаллими калон,
  • 2 нафар асисстент,
  • 3 нафар коромӯз татқиқотчӣ   мебошад.

     Ҳадафи кафедра – ба донишомӯзон додани малакаву маҳорати касбӣ  ва тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат.

     Дар назди кафедра семинари илмию назариявии устодони кафедра ва маҳфилҳои илмии донишҷӯён таҳти унвони “Муҳандиси ҷавон” амал мекунад.

    Дар кафедра 25  нафар корманд, аз он ҷумла 9 нафар номзади илмҳои техникӣ,  11-нафар муаллими калон, 2-нафар асисстент, 3-нафар коромӯз татқиқотчӣ   фаъолият мебаранд.

Scroll to Top