Санаи 26-уми январ дар толори Шӯрои олимони муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Коллеҷ бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳо аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамоиши илмӣ зери унвони “Паём-роҳнамову роҳкушои Тоҷикистон” ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Хоркашов Исломбек Сангакович, мудири бахши кор бо ҷавонони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сангов Манучеҳр Талбиевич, роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаи таълимӣ иштирок намуданд.
Ҳамоишро директори Коллеҷ номзади илмҳои техникӣ Рабизода Наҷибулло бо иқтибос аз суханҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат, ки дар Паёми навбатиашон иброз намуданд: “Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯй мебошад”, оғоз намуданд. Директори муассиса зикр намуданд, ки роҳбарият ва аҳли коллективи меҳнатии муассисаи таълимӣ аз ҳар як Паёми Пешвои миллат илҳоми тоза гирифта, дар самти амалӣ намудани тамоми дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар раванди фаъолияти хеш, бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сиифати таълим ва тарбияи таълимгирандагони муассиса ва омода намудани мутахассисони хуби ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнат тамоми қувваи маънавии хешро масраф хоҳанд намуд.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Хоркашов Исломбек Сангакович дар иртибот бо шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат дар мавзӯи “Иқтисоди сабз-заминаи бунёди рушди устувор” маърӯзаи судманди хешро ба самъи ҳозирин расониданд. Хоркашов Исломбек ташаббуси Президенти кишварро ҷиҳати он ки дар Паём таъкид намуданд: “Ҳукумати мамлакат вазифадор карда шуд, ки пешрафти минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии кишварро устувор нигоҳ дошта, соли 2023 суръати рушди иқтисодиро дар сатҳи на кам аз 8% таъмин намояд” нақшаи некбинона ва тасмими ояндасоз ҳисобида, тариқи рӯнамои таҳлилӣ аз нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат дар самти иқтисодиёт баромад намуданд.
Мудири бахши кор бо ҷавонони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сангов Манучеҳр Талбиевич зимни баромадашон дар мавзӯи “Ҷавонон-Паём ва манфиатҳои миллӣ”, бори дигар ҳозиринро ба эътимоди ҷавонон такя намудани Роҳбари давлат ҷиҳати пешбурди ояндаи давлату миллат ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ба онҳо равшанӣ андохтанд.
Муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Файзуллоева Дилрабо ба сухан баромада дар мавзӯи “Таҳкурсии устувор” ба ҳозирин маърӯза намуданд.
Номбурда дар баромадашон оид ба дастгирии занону бонувон аз ҷониби Пешвои миллат, нақши онҳо дар ҳама самтҳои хоҷагии қишлоқ ба таълиму тарбияи насли наврас ибрози андеша намуд.
Баъд аз анҷом ёфтани ироаи маърӯзаи баромадкунандагон тибқи барномаи ҳамоиш директори коллеҷ зикр намуданд, ки бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат аз Паём самтҳое, ки ба фаъолияти муассисаи таълимӣ марбут мебошанд, роҳбарияти муассиса пайваста ба он мекӯшанд, ки дар амалӣ намудани тамоми нақшаҳои некбинонаи Роҳбарияти олиии кишвар пешсаф буда, чорабиниҳоии сатҳи гуногундоштаро роҷеъ ба амалигардонии онҳо мунтазам роҳандозӣ намоянд.
Дар ҷамбаст аз ҷониби роҳбарият ба меҳмонон “Сипоснома”-и Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе супорида шуд.