Санаи 12.05.2023 дар толори Шӯрои олимони муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе тибқи дастуру супоришҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи чорабиниҳои Коллеҷ ҷиҳати амалӣ намудани “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025” мизи мудаввар зери унвони “Андешаҳои ифротгароӣ – ҳамчун хатари муосири ҷомеа” ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар мизи мудаввар профессори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таълими бехатарии ҷамъиятии академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Сафарзода Ҳаёт Сайдамир, Аҳёзода Шоҳрух Таваккал майори милитсия, дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии криминалогия ва психологияи академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лоиқназар Мумин муовини директори Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият, донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаи таълимӣ иштирок намуданд.
Чорабиниро ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Файзуллоева Дилрабо Назурвалиевна ифтитоҳ намуда, ба меҳмонон барои ҳамкорӣ ва ҳаллӣ масъалаи мубрами рӯз изҳорӣ миннатдорӣ намуда, қайд намуданд, ки бо дарназардошти хатари бениҳоят пуршиддат, ки ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст ва ин ҳам бошад зуҳури терроризм ва экстремизм мебошад, чорабиниро бо мақсади пешгирии ҷавонон аз роҳҳои шомил шудан ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, иттиҳодияҳои динӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо басо ба маврид арзёбӣ намуд.
Полковники милитсия Сафарзода Ҳаёт Сайдамир ба сухан баромада дар мавзӯи “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистӣ – террористӣ” маърӯза намуда, қайд намуданд, ки таърих гувоҳи ҳазорҳо ҳаводиси номатлуби иҷтимоӣ мебошад, ки инсоният дар асоси ангезаҳои динӣ – мазҳабӣ ба хушунат ва ҷабру зулми гӯшношунид рӯ ба рӯ гардидааст.
Имрӯз чунин ихтилофоти ақидавӣ дар зери ниқоби тафаккури ифротии “салафия – ваҳҳобия” арзи ҳастӣ карда, бархе аз абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мутаассибони диниро бо мақсади манофеи геополитикии худ дар Шарқи Наздик, Кавқоз ва Осиёи Миёна хеле “моҳирона” истифода бурда истодаанд.
Ҳамчунин қайд намуданд, ки тибқи “Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025” ба таҳдидҳои экстремизм ва терроризм дар марҳилаҳои кунунӣ дар баробари дигар омилҳо тарғиби ғояҳои ифротгароӣ тавассути шабакаи интернет, ҷалбкунии ҷавонон ба сафи ташкилотҳои байналмилалии экстремистию террористӣ, кӯшишҳои аз ҷониби ин ташкилотҳо тарҳрезӣ ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ дар ҳудуди Тоҷикистон арзёбӣ гардидаанд.
Дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии криминалогия ва психологияи академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Аҳёзода Шоҳрух Таваккал дар мавзӯи “Экстремизми иттилоотӣ ва муқовимат ба тафаккури ифротӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ” маърӯза намуда қайд намуданд, ки яке аз тарзу усулҳои муосири моилкунии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ – мазҳабӣ аз ҷониби идеологҳои онҳо ин монипулятсияи шуури ҷавонон бо истифода аз ғояҳои таҳрифшудаи динӣ – мазҳабӣ мебошад, ки дар асоси онҳо дар ботини ҷавонони гумроҳшуда, тухми кинаву адоватро ба воситаи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва воситаҳои телекоммуникатсионии муосир барангехта, онҳоро ба “ҷиҳоди мусаллаҳона” дар роҳи ташкил кардани “хилофати исломӣ” даъват менамоянд.
Технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус шабакаҳои Интернет омили стратегие мебошанд, ки ташкилотҳои террористӣ ва ҷонибдоронашон аз онҳо ҷиҳати пешбурди ташвиқоти густурдаи экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои экстремистӣ ва террористӣ истифода мебаранд.
Муовини директори Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқназар Мумин дар мавзӯи “Тарғиби ифротгароӣ дар фазои иттилоотӣ: вазъ ва паёмадҳо” маърӯза намуда қайд карданд, ки раванди ҷаҳонишавӣ бо технологияи иттилоотӣ ҳудудиҷуғрофии фарҳангҳо, арзишҳо, ҳувияти фардӣ, миллӣ ва диниро тағйир дод. Мутаассифона, имрӯз дастовардҳои илмӣ дар бозиҳои сиёсӣ ҳамчун ҳолатҳои татбиқи манфиатҳои сиёсӣ аз ҷониби ин ё он кишвар истифода бурда мешаванд. Имрӯз яке аз навъҳои паҳншудаи ифротгароӣ ифротгароии иттилоотӣ аст: ҷаҳони муосир хатари инро пурра арзёбӣ намекунад. Экстремизми иттилоотӣ амалан ноаён аст. Тавассути технологияҳои муосири коммуникатсияи оммавӣ он хусусияти ғайришахсӣ, беном дорад. Корбарони шабака ҳам ҳангоми интишори маълумот ва ҳам ҳангоми дастрасӣ ба он метавонанд беном боқӣ бимонанд.
Экстремизми иттилоотӣ бо технологияҳои PR, таблиғот ва таъсири нутқ ба шунавандагон дар як саф гузошта мешавад. Он шакли даъватҳои оммавӣ, эҷод ё нигоҳ доштан, сохтан ё паҳнкунии оммавии маводи дидаю дониста экстремистӣ; намоиши оммавии атрибут ё рамзҳои созмонҳои экстремистӣ) мебошад.
Бояд гуфт, ки раванди ҷаҳонишавӣ, аз ҷумла рушди технологияи иттилоотӣ, ҷанбаҳои мусбату манфӣ дорад ва Интернет низ аз ин истисно нест. Шабакаи байналмилалии Интернет айни замон як махзани бузургест, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷавононро дар бар гирифтааст.
Ҳамзамон донишҷӯи Коллеҷ Мирзоев Бобоносир Файзалиевич дар мавзӯи “Хатаре ба ҷомеаи ҷаҳонӣ” маърӯза намуда, кайд кард, ки барои мубориза бурдан ва пешгирии ин вабо аз муҳити хона сар карда, ҷамъият ва мактаб ҳама дар якҷоягӣ сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати –миллӣ. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҷурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шиори худ қарор дода, дар пешравии Ватани маҳбубу азизамон бе тараф набошем ва кӯшиш намоем, ки Ватани азизамонро ободу зебо нигоҳ дорем.
Пас аз анҷоми ироаи маърӯзаҳои иштирокчиёни чорабинӣ тибқи талаботи барномаи чорабинӣ қисмати музокира ба миён гузошта шуд, ки масъулин ва иштирокчиён дар ин қисмати чорабинӣ хело фаъол буданд. Дар фарҷоми чорабинӣ муаллима Файзуллоева Д.Н. зикр намуданд, ки роҳбарияти муассисаи таълимӣ ҷиҳати амалӣ намудани “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025” бо мақсади пешгирии ҷавонон аз роҳҳои шомил шудан ба гурӯҳҳои террористӣ- экстремистӣ, баланд бардоштани ҳисси ватанпарварии ҷавонон тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст. Дар охир байни иштирокчиён ва меҳмонон саволу ҷавоб сурат гирифта, иштирокчиён ба саволҳои худ ҷавобҳои мушахас гирифтанд.