Фейсбук Фейсбук Фейсбук  Майл  Фейсбук                                                                                                                                                                                                                                           Тоҷикӣ Тоҷики   Русский Тоҷики   English Тоҷики
Skip to content
+992 2318999, 2312730info@kmod.tj
ЭЪЛОНҲО:

Engineering and Pedagogical College of Dushanbe

Government agency

  • HOME
  • STRUCTURE
    • History of the college
    • Роҳбарият
    • Scientific council
    • Department of staff, special tasks and archives
      • General sector
      • Profession union
    • Accounting
    • Administration – economics tasks
      • Department of economic management
      • Labor protection
      • Sector of informational technology and communication
  • TRAINING
    • Department of training
    • Center of registration, consultation and testing
    • Sector of controlling the quality of education
    • Center of national _and modern craft
    • Center of specialty improvement and retraining
    • Sector of practice and prosecution of graduates
    • ШТИК
    • Training and production workshops
  • EDUCATION
    • Department of education
    • Council of women and work with the family
    • Hostel
    • Medical nurse
  • SCIENCE AND INTERNATIONAL RELATIONS
    • Sector of science and innovation
    • Department of international relationship
    • Library
  • FACULTY
    • Engineering-pedagogical faculty
      • Кафедраи фанҳои гуманитарӣ
      • Кафедраи педагогикаи касбӣ
      • Chair of energy and automobile transport
    • Faculty of technology and economy
      • Chair of informational technology and design
      • Chair of natural-mathematics subjects
  • REQUEST

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

29 Jan 2024
admin
    Бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва бузургдошти ҷашнҳои миллӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Коллеҷ санаи 29-уми январи соли 2024 дар толори асосии муассиса ҷашни “Сада” бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд. Дар чорабинӣ роҳбарият, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаи таълимӣ фаъолона иштирок намуданд.
   Чорабиниро директори Коллеҷ номзади илмҳои техникӣ Рабизода Наҷибулло ифтитоҳ намуда қайд карданд, ки чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст дар қатори дигар ҷашнҳои миллӣ иди Сада ҳамасола дар сар то сари кишвари азизамон Тоҷикистон дар сатҳи баланди ташкил баргузор мегардад.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон изҳор намуданд, ки “Ҷашни Сада ҳамчун як ҷашни таърихии ниёгони мо аз нав пурра эҳё гардида, ҳамасола боз ҳам дар сатҳи баланд дар сар то сари кишвар ҷашн гирифта мешавад”. Сада низ дар қатори ҷашнҳои қадима яке аз ҷашнҳои аҷдодони бузурги тоҷикон буда, аз ҷанбаҳои инсонпарварона, дўст доштани табиат ва расидан ба қадри обу замини диёр иборат аст. Сада ҷашни омодагӣ ба Наврўз буда, ин ду ҷашни ҷадима бо ҳам алоқамандиии зич доранд. Ҷашни Сада ба ниёиши офтоб вобаста аст, ки аз аввали моҳ (аз шаби таваллуди Хуршед-шаби Ялдо, ки шаби дарозтарини сол буда, дар соати 12-и шаб Хуршед таваллуд мешавад), чиҳил рўз фосила дорад.
    Ойину таомулҳои Сада аз ҷумлаи инсонҳоро ба амалҳои хубу писандида даъват намудан, ба њам сухани нек гуфтан, эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо овардан аст. Сада бо гулхани рӯшноиафзои хеш сардиҳои зимистонро бо рӯшноиву гармиҳои баҳор мепайваст ва 50 рӯзу 50 шаби фарорасии Наврӯзро мардум бесаброна шумурда, ба пазироии бузургтарин ҷашни баҳор ва истиқболи Соли Нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз омода мегаштанд.
    Роҳбари муассиса бо ифтихор аз пойдори Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлати дар сар то сари Ватани азизамон Тоҷикистон иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати ин ҷашни миллии миллати фарҳангсолори тоҷик шодбош гуфта ба ҳозирин таъкид намудад, ки омўзиши суннату анъанаҳои миллӣ ва истифодаи онҳо ба хотири ҳувияти миллӣ ва манфиатҳои давлату миллат, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванд ва истиқоматкунандаи Ҷумҳурии маҳбубамон Тоҷикистон мебошад ва ҳар яки мо суннатҳои ҷашни Садаро ба ҷо оварда вазифадорем барои тоза нигоҳ доштани муассисаи таълимӣ, маҳали зист, сарсабзу гулгашт гардонидани хиёбонҳо, бунёди боғзорҳо ва боз ҳам зеботар гардонидани Ватани маҳбубамон пайваста камари ҳиммат бубандем. Чорабинӣ бо риояи рамзҳои ҷашни Сада барафрохтани оташ, намоиши гӯшаи деҳқон ва суруду рақсҳои ҷаззоби миллии тоҷикона ташкил ва баргузор карда шуд.
и ещё 7

Post navigation

САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН!

Leave a Comment Cancel reply

Свежие записи

  • ТАНЗИМ БА ЗИНДАГӢ БАРАКАТ МЕОРАД!
  • САФАРИ КОРИИ КОРМАНДИ КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН
  • ҲАМОИШИ ИЛМӢ-СИЁСИИ ҲИЗБИЁНИ КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ТАҲТИ УНВОНИ “НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ САРМОЯИ ИНСОНӢ ВА МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИЮ СИЁСИИ ҶОМЕА”, БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН
  • ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ОЗМОИШГОҲҲОИ МУОСИР ДАР КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
  • СУРАТГУЗОРИШ АЗ РАФТИ ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁНУ ОМӮЗГОРОН ДАР РОҲПАЙМОИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Свежие комментарии

No comments to show.
January 2024
M T W T F S S
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  
« Dec   Feb »

Дар сомона

  • 0
  • 2
  • 89
  • 382
  • 7,758

Дар сомона

  • 0
  • 2
  • 89
  • 382
  • 7,758

Суроғои мо: шаҳри Душанбе, н.Фирдавсӣ, к.Борбад 48

Education Base by Acme Themes