Бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва бузургдошти ҷашнҳои миллӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Коллеҷ санаи 29-уми январи соли 2024 дар толори асосии муассиса ҷашни “Сада” бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд. Дар чорабинӣ роҳбарият, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаи таълимӣ фаъолона иштирок намуданд.
Чорабиниро директори Коллеҷ номзади илмҳои техникӣ Рабизода Наҷибулло ифтитоҳ намуда қайд карданд, ки чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст дар қатори дигар ҷашнҳои миллӣ иди Сада ҳамасола дар сар то сари кишвари азизамон Тоҷикистон дар сатҳи баланди ташкил баргузор мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон изҳор намуданд, ки “Ҷашни Сада ҳамчун як ҷашни таърихии ниёгони мо аз нав пурра эҳё гардида, ҳамасола боз ҳам дар сатҳи баланд дар сар то сари кишвар ҷашн гирифта мешавад”. Сада низ дар қатори ҷашнҳои қадима яке аз ҷашнҳои аҷдодони бузурги тоҷикон буда, аз ҷанбаҳои инсонпарварона, дўст доштани табиат ва расидан ба қадри обу замини диёр иборат аст. Сада ҷашни омодагӣ ба Наврўз буда, ин ду ҷашни ҷадима бо ҳам алоқамандиии зич доранд. Ҷашни Сада ба ниёиши офтоб вобаста аст, ки аз аввали моҳ (аз шаби таваллуди Хуршед-шаби Ялдо, ки шаби дарозтарини сол буда, дар соати 12-и шаб Хуршед таваллуд мешавад), чиҳил рўз фосила дорад.
Ойину таомулҳои Сада аз ҷумлаи инсонҳоро ба амалҳои хубу писандида даъват намудан, ба њам сухани нек гуфтан, эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо овардан аст. Сада бо гулхани рӯшноиафзои хеш сардиҳои зимистонро бо рӯшноиву гармиҳои баҳор мепайваст ва 50 рӯзу 50 шаби фарорасии Наврӯзро мардум бесаброна шумурда, ба пазироии бузургтарин ҷашни баҳор ва истиқболи Соли Нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз омода мегаштанд.
Роҳбари муассиса бо ифтихор аз пойдори Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлати дар сар то сари Ватани азизамон Тоҷикистон иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати ин ҷашни миллии миллати фарҳангсолори тоҷик шодбош гуфта ба ҳозирин таъкид намудад, ки омўзиши суннату анъанаҳои миллӣ ва истифодаи онҳо ба хотири ҳувияти миллӣ ва манфиатҳои давлату миллат, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванд ва истиқоматкунандаи Ҷумҳурии маҳбубамон Тоҷикистон мебошад ва ҳар яки мо суннатҳои ҷашни Садаро ба ҷо оварда вазифадорем барои тоза нигоҳ доштани муассисаи таълимӣ, маҳали зист, сарсабзу гулгашт гардонидани хиёбонҳо, бунёди боғзорҳо ва боз ҳам зеботар гардонидани Ватани маҳбубамон пайваста камари ҳиммат бубандем. Чорабинӣ бо риояи рамзҳои ҷашни Сада барафрохтани оташ, намоиши гӯшаи деҳқон ва суруду рақсҳои ҷаззоби миллии тоҷикона ташкил ва баргузор карда шуд.
и ещё 7