«Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд».
Эмомалӣ Раҳмон.
Санаи 01.02.2023 дар толори Литсей-интернат барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Пайравони Пешвои миллат” аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе маҳфили “Стипендиагирандагони Ҷавон” ташкил ва баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Одилзода Дилбар Раҳим, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе муҳтарам Раҳимзода Шоҳзод Абдулфаттоҳ ,мудирони бахши кор бо ҷавонони чор ноҳияи ҳудуди шаҳри Душанбе ва гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” иштирок намуданд. Бо ифтихору сарбаландӣ иброз менамоем, ки донишҷӯи курси сеюми Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе Мирзоев Бобоносир Файзалиевич ҷиҳати бо баҳои аъло таҳсил намудан, тарбияи хуб доштан фаъолона иштирок намудан дар озмунҳо ва дар тамоми чорабиниҳои ҷамъиятии сатҳи гуногундошта сазовори ин мақоми баланд, гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Шаҳодатномаи ин мақомро ба донишҷӯ бевосита муовини Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Одилзода Дилбар Раҳим тақдим намуданд. Дар ин замина қайд менамоем, ки санаи 31.01.2023 Мирзоев Бобоносир Файзалиевич аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба ҳайси роҳбари волонтёрон ва аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъйин гардид.Роҳбарияти муассисаи таълимӣ пайваста ин донишҷӯи фаъолро дастгирӣ ва қадрдонӣ менамояд. Директори коллеҷ номзади илмҳои техникӣ Рабизода Наҷибулло Мирзоев Бобоносир Файзалиевичро бо ин муваффақияти воло табрик намуда вазифадор намуданд, ки пайваста ба бовариву эътимоди Пешавои миллат, Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ сазовор бошад.