Бо мақсади арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва тарбияи ҳарбии донишҷӯён дар доираи Нақшаи чорабиниҳо муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе санаи 22-юми феврали соли 2023, чорабинии фарҳангию тантанавӣ бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид. Дар чорабинии тантанавӣ роҳбарият, кормандон, донишҷӯён ва сарбозони қисми ҳарбии №6593-и Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Чорабиниро директори Коллеҷ номзади илмҳои техникӣ Рабизода Наҷибулло ифтитоҳ намуда, зимни ироаи баромади худ аз таърих ва пешравиҳои ин ниҳоди сиёсии кишвар сухан намуданд. Роҳбари муассиса қайд намуданд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рўзҳои ид аз 02.02.2011 таҳти рақами 753 23-юми феврал ҳамасола ҳамчун рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмӣ-давлатӣ табдил ёфтааст ва ҳар сол ин ҷашн дар сар то сари кишвар бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Артиш такягоҳи давлат ва сипари миллат аст”. Вазифаи асосии он таъмини амнияти ватан, сулҳу субот дар кишвар ва тамомияти арзии он мебошад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Тайи 30 соли фаъолияти хеш Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштанд ва имрўз ба нерўи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтаанд ва барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз хизмат менамоянд. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Точикистон мебошад. Месазад, ки ҳамин сарзамини аҷдодии худро чун ҷон азиз дорему ҳифз намоем, аз парокандашавӣ нигоҳ дорему онро ободу боз ҳам зеботар намоем, зеро мо ворисони арзандаи Сомониён ҳастем ва ҳамеша чун қаҳрамони шоистаи миллатамон Исмоили Сомонӣ сипар ва деворе бар атрофи меҳани азизамон бошем. Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯёни коллеҷ барномаи фарҳангӣ, ки саропо сурудҳои ватандӯстона ва рақсҳои ҷаззоби тоҷиконаро дар бар мегирифт, манзури тамошобинон гардонида шуд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти муассисаи таълимӣ ба сарбозони шуҷои қисми ҳарбии №6593-и Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати эҳтиром туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ҳамзамон омӯзгорон ва донишҷӯёне, ки ғолиби даври аввали дохилимуассисавии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” ва ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ бо “Ифтихорнома” ва тӯҳфаҳои хотиравии Коллеҷ қадрдонӣ карда шуданд.