ШИНОСОИИ НАМОЯНДАГОНИ КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ АЗ РАФТИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ, БАЗЗАИ МОДДИЮ ТЕХНИКИИ ДОНИШКАДАИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ, ИДОРАКУНӢ ВА МЕҲМОНАВОЗИИ ШАҲРИ ҲАЙДАРОБОДИ КИШВАРИ ҲИНДУСТОН

      Дар идомаи сафари корӣ намояндагони Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе санаи 01.03.2023, ки ҷиҳати иштирок дар конфронси IV-уми муштараки байналмилалии сайёҳӣ, меҳмондорӣ ва ҳадафҳои рушди устувор ба шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон ташриф оварда буданд, аз шароит ва имкониятҳои таҳсил дар Донишкадаи миллии сайёҳӣ ва идоракунии меҳмондории шаҳри Ҳайдаробод аз наздик шинос шуданд.
     Зимни шиносоӣ, ҳайати ҷониби Коллеҷ аз лабораторияҳо, меҳмонхонаҳои таълимӣ ва дигар имкониятҳои омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи сайёҳии Донишкадаи мазкур дидан намуда, ба пойгоҳи таълимии он баҳои баланд доданд.

Оставьте комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Прокрутить вверх