Санаи 06.12.2023 дар доираи созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Вазорати мазкур ба Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Ҳайати меҳмонон бо расму анъанаҳои тоҷикона пешвоз гирифта шуда, аз намоиши дастовардҳои донишҷӯёну омӯзгорон ва ҳунарҳои мардумию миллӣ дидан намуданд.
Сипас дар маҷлисгоҳи Коллеҷ таҳти роҳбарии директори муассиса н.и.т Рабизода Наҷибулло бо иштироки роҳбарони сохторҳои Вазорат бо ҳайати меҳмонон мулоқот сурат гирифта маълумотномаи муфассал тариқи рунамо оид ба фаъолияти Коллеҷ пешниҳод гардид.
Зимни нишаст ҷонибҳо ҷиҳати бастани шартномаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, мустаҳам намудани базаи моддию техникӣ, ташкили маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, маркази омӯзиши забони кареягӣ ба мувофиқа расиданд.
Ҷиҳати шиносоии бештар бо фаъолияти муассисаи таълимӣ оид ба омода кардани кадрҳои баландихтисос ҳайати меҳмонон аз озмоишгоҳҳои таҷҳизотҳои сардкунанда ва муътадилгардонии ҳаво, Ошпаз -Қаннод, Дӯзандагӣ, Электроэнергетика, Устохонаи таълими истеҳсолӣ мошинсозӣ ва нақлиёти автомобилӣ ва маркази технологияи рақамӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дидан намуда, таҳсуроти нек бардоштанд.
Дар охир меҳмонон аз ҷониби раёсати Коллеҷ бо туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ гардида, бо гирифтани расми хотиравӣ гусел карда шуданд.