Санаи 29.10.2024 бо ташаббуси кафедраи педагогикаи касбӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Конститутсия – санади тақдирсози миллат” ташкил ва баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурии ДМТ н.и.ҳ. Имомов Ҳумоюн Шарофиддинович, роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса фаъолона иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо мақсади эҳтиром ба рамзҳои миллӣ, бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аҳли иштирокчиён оғоз гардид. Сипас сардори шуъбаи илм ва инноватсия Воҳидов Зеваршо Олимхонович ба сухан баромада, қудуми меҳмононро ба муассисаи таълимӣ шодбош гуфта, минатдории роҳбарияти муассисаро ҷиҳати ташриф ба эшон расониданд.
Дар чорабини дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурии ДМТ н.и.ҳ. Имомов Ҳумоюн Шарофиддинович дар мавзӯи “Нақши Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ ва маърифати ҳуқуқӣ”, Гулмирзоева С.- мудири кафедраи педагогикаи касбӣ дар мавзӯи “Маърифати ҳуқуқӣ-раҳнамо ва кафили ҳуқуқу озодиҳо”, Яқубова Б.- муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи”Конститутсия ҳомии забони тоҷикӣ”, Райҳонова С.-омӯзгори калони кафедраи педагогикаи касбӣ дар мавзӯи “Конститутсия-нахустин ҳамраъйии миллат”, Қараева С.- ассистенти кафедраи падагогикаи касбӣ дар мавзӯи “Конститутсия кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд”, Садиров М. – коромӯз-тадқиқотчии кафедра дар мавзӯи”Конститутсия – шиносномаи миллат” ва Амриддинзода Шарофат донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси Таҳсилоти ибтидоӣ дар мавзӯи”Конститутсия истиқлолиятро таҳким бахшид” бо маърӯза баромад намуданд.
Дар ҷамъбаст байни иштирокчиён ва меҳмонон табодули афкор сурат гирифт.