КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ
(дар ҳошияи 30 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад. Таҷрибаи қабули конститутсия дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистони мо баръало нишон медиҳад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати бисёр муҳимми сиёсӣ ва санади олии ҳуқуқӣ бо истиқлоли давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад.
Эмомалӣ Раҳмон
6 ноябри соли 1994 дар давраи ниҳоят ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ, дар замоне, ки мутаасифона ҳанӯз ҳам оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад, аз ҷониби мардуми тамаддунсози мо бо дарки масъулияти баланд, тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қонуни асосии давлат — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.
Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми кишвар ба ҳисоб меравад.
Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон ба ҷонибдории давлате раъй дод ва онро ҳамчун ояндаи худ интихоб кард, ки дар он волоияти қонун ҳукмрон буда, ҳамаи аркони давлатдорӣ аз ҳуқуқ сарчашма мегирад.
Баъд аз қабули Конститутсия дар кишвар ислоҳоти бунёдиву фарогири сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз шуда, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба танзим дароварда шуданд ва барои суботи конститутсионӣ заминаи мустақим фароҳам оварда шуд.
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишвар санади воқеан таърихӣ ва такдирсози миллат буда, он истиқлолияти давлатии тоҷиконро дар сатҳи қонуни олии кишвар сабт намуда, асосҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи онро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи муосир муқаррар кард.
Конститутсия ҳамчун қонуни олии давлат муайянкунандаи мазмун ва муҳтавои ҳамаи қонунҳои амалкунандаи он буда, такягоҳи мустаҳками қудрати сиёсӣ ва кафолатдиҳандаи ҳадду ҳудуди салоҳияти мақомоти давлатӣ аст. Гузашта аз ин, Конститутсия оромию суботи ҷомеа, ваҳдати сиёсӣ ва назму низомро дар ҳудуди давлат, барқарории адолат ва кафолати амниятро таъмин мекунад.
Ин санади қонунгузорӣ принсипҳои асосиеро, ки кишвари мо дар асоси онҳо бунёд ёфтааст, муайян намуда, инчунин ҳуқуқу озодиҳои асосии шаҳрвандонро ҳимоя мекунад. Қонуни асосӣ ин музаффарияти таърихии мост. Он мисли Суруди милливу Нишон ва Парчам рамзи давлатии мост, ки далели равшани эътирофи давлатдории мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Ин санад Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эътироф намуд. Он ҳуқуқу озодиҳои асосии шаҳрвандонро аз қабили ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзил, ҳуқуқ ба ҳаёти шахсӣ, ҳуқуқ ба интихоби озоди маҳалли зист, ҳуқуқ ба озодона интихоб намудани дин, озодии сухан, ҳуқуқ ба моликият ва боз бисёр ҳуқуқхои дигарро эътироф ва ҳифз мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд намуданд, ки «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад».
Конститутсия нисбат ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дорои қувваи баланди ҳуқуқӣ мебошад. Дорои қувваи баланди ҳуқуқӣ будан маънои онро дорад, ки тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд ба Конститусия мувофиқ бошанд. Дар сурати номувофиқатӣ онҳо беэътибор эътироф мешаванд.
Месазад ҳар даъфа такроран таъкид намоем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори даҳ Конститутсияи беҳтарини кишварҳои олам эътироф гардида, муқаддимаи он бо суханони зерини таърихӣ навишта шудааст: «Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин конститутсияро қабул ва эълон менамоем».
Тӯли 30 соли қабули Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти ҷиддӣ ба вуқӯъ пайваст. Аз ҷумла, ҷорӣ намудани системаи тақсимоти ҳокимият, рушди иқтисодиёт, ҷалби сармоя, механизмҳои муҳофизати муҳити зист, мустаҳкам намудани ҳамкории байналхалқӣ ва баланд бардоштани шаффофияти сиёсати берунӣ ва инкишофи соҳаҳои маориф, илм ва тандурустӣ мисоле аз ин тағйиротҳо ҳастанд.
Конститутсия дар давоми 30 сол ҳамчунин муттаҳидгардонии давлат, ҷомеа ва халқи тоҷикро амалӣ намуд.
Ҷашни 30 солагии қабули Конститутсия боз як фурсати мувофиқ аст, ки мо дар бораи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии худ мулоҳиза ронем. Дар ин роҳ Конститутсияи давлати озоду соҳибистиқлоламон роҳбаладу роҳнамои мост. Зеро Конститутсия санади ифодакунанда ва ҷавобгӯи ормону орзуи халқи Тоҷикистон аст. Муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият дод, то ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардем.
Ба ҳамаи мардуми сарбаланди кишвари азизамон ҷашни Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлолу орому ободро муборакбод мегӯям.
Ҳусейнова Шаҳло Зариповна- ҷонишини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе

Leave a Comment