Бо дастгирии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯёни Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе дар Озмуни байналмилалӣ таҳти унвони “Дӯстӣ ва бародарӣ – сарвати мо (Дружба и братство – наше богатство)”, ки аз 25 октябр то 10 ноябри соли 2024 тариқи маҷозӣ аз рӯи 8 номинатсия, “Гарчанде мо гуногунем, вале зебоем! (саломнома-сухани шодбошӣ)”, муаррифии либоси миллӣ, “Ба хирадмандон-арзиши даҳчанд (пешниҳоди зарбулмасалҳои миллӣ)”, “Дар зери сояи оҳанг (иҷрои оҳанг ва рақси миллӣ)”, “Қалби мардум дар санъат”, “Марҳамат ба хони миллӣ”, муаррифии бозиҳои миллӣ, “Фарзандони арзандаи Ватан (муаррифии қаҳрамони миллӣ)” байни донишҷӯёни Коллеҷи сохтмонии шаҳри Ростови лаби Дони Федератсияи Россия, Коллеҷи давлатии меъморӣ ва сохтмони шаҳри Мински Ҷумуҳурии Беларус ва Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, фаъолона ширкат варзида, сазовори мақоми якум (Шоҳҷоиза) гардида, аз ҷониби Кумитаи тадорукоти Озмун бо Диплом ва Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамзамон Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маъмурияти Коллеҷ ва омӯзгорон, ки дар омода кардани донишҷӯён саҳм гузоштанд бо Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.