ШУЪБАИ ТАРБИЯ

    Қисми тарбия  яке аз қисматҳои асосии муассисаи таълимӣ ба ҳисоб рафта,   корҳои тарбиявиро  тибқи Нақша – чорабинии Коллеҷи муҳандисию омўзгории  шаҳри Душанбе, ки дар асоси  талаботҳои Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз 02.08.2011 № 762, Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 08.06.2007, № 272 ва  дар якҷоягӣ бо кумитаи  кор бо ҷавонон, варзиш ва кумитаи сайёҳии  ноҳияи Фирдавсӣ, шаҳри Душанбе  дигар Қонуну  қарорҳои  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон таҳия гардидааст, ба роҳ мондааст. Қисми тарбия идоракунии умумии раванди тарбияро амалӣ сохта, фаъолияти тарбиявии  факултетҳои коллеҷро мувофиқа месозад.

   Ҳамчунин иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори коллеҷ ва қарорҳои Шӯрои олимон ва Риояи қоидаҳои дохилии коллеҷ вазифадор аст, дарбар мегирад.

ГУЛМИРЗОЕВА САВРИБЕГИМ ҚУРБОНАЛИЕВНА

Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ ТЕЛ:+992935425997, 2312730

Вазифа ва функсияҳои асосии шуъбаи тарбия:

  • назорати раванди тарбияро дар муассиса тибқи талаботҳои муқаррарнамудаи соҳаи маориф ва Қоидаҳои тартиботи дохилии муассиса ба нақша мегирад.
  • самтҳои асосии такмили тарбияи донишҷӯён ва назорати сифати тарбияро дар муассиса муайян менамояд.
  • лоиҳаи нақшаҳои корҳои тарбиявӣ, тайёр намудани пешниҳоду хулосаҳо ба Шўрои олимон оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо дар нақшаҳои амалкунандаи тарбиявӣ таҳия менамояд.
  • мутобиқати сатҳи тарбияи донишҷӯён бо талаботи муқаррарнамудаи соҳаи маориф ва Қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаро назорат менамояд.
  • ҷадвалҳои машғулиятҳо ва корҳои тарбиявиро барои донишҷӯёни муассиса тартиб медиҳад.
  • фаъолияти кафедраҳо ва садорати факултетҳоро оид ба коркард ва тасдиқи машғулиятҳо ва корҳои тарбиявии донишҷўён ҳамоҳанг месозад.
  • фаъолияти кафедраҳо ва садорати факултетҳо оид ба ташкили соатҳои тарбиявӣ, вохӯриҳои хусусияти тарбиявидошта,ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати тарбияи донишҷуёни муассиса якҷоя менамояд.
  • ҷиҳати баланд бардоштани сифати тарбия. оид ба ҷустуҷўи усулҳои нави тарбия,такмили сифати тарбия ва ташкили чорабиниҳои тарбиявӣ тавсияҳоро  пешниҳод менамояд.
  • тағйирёбии интизоми донишҷуён дар раванди машғулиятҳои дарсӣ таҳлил менамояд.
  • бо мақсади таъмини мўътадили раванди тарбия дар муассиса фаъолияти кафедраҳо ва садорати факултетҳоро оид ба баргузор намудани чорабини -ҳои хусусияти тарбиявидошта мувофиқ менамояд.
  • ҷадвали баргузории корҳои тарбиявии гурӯҳҳои таълимиро тартиб медиҳад.
  • лоиҳаи фармоишҳо оид ба таъйин намудани роҳбарони гурӯҳҳои таълимӣ ва Комиссияҳои тарғиботию тарбиявиро таҳия менамояд.

Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои шуъбаи  тарбия

  • Таҳияи хулосаҳо ҷиҳати ворид намудани тағйирот ба лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои меъёрии муассиса доир ба раванди тарбия.
  • Назорати мунтазами раванди тарбияи донишҷӯёни муассиса ва риояи ҷадвалҳо ва барномаҳои  кори тарбиявӣ.
  • Иштирок дар дарсҳои (соатҳо) тарбиявӣ барои кори таҳлилӣ оид ба баланд бардоштани сифати тарбия.
  • Аз роҳбарони гурӯҳҳои таълимӣ талаб кардани ҳуҷҷатҳо, маълумотномаҳо, маводи зарурии методӣ ва банақшагирии раванди корҳои тарбиявӣ.
  • Ба роҳ мондани банақшагирӣ, ташкил, такмил ва назорати раванди тарбия.
  • Мутобиқ намудани корҳо доир ба татбиқи усулҳо ва методҳои нави тарбиявӣ дар раванди тарбияи донишҷуёни муассиса.
  • Тайёр кардани гузоришҳо, маълумотномаҳо, ҳисоботҳо ва ҷамъоварии мавод оид ба фаъолияти тарбиявии муассиса.
  • Мураттабсозии ҳуҷҷатҳои заминавии меъёрӣ, ки фаъолияти мунтазами тарбиявии муассисаро бо назардошти талаботи замони муосир ба роҳ мемонанд.
  • Ба директори муассиса манзур намудани маълумотнома оид ба фаъолияти тарбиявӣ дар муассиса.

Шуъбаи тарбия аз кормандони зерин иборат мебошад:

Абдуллозода Бунавша Абдулло

Мудири шуъбаи ташкилӣ –тарбиявӣ
ТЕЛ: (+992) 900 29 18 18

Сафарова Фариштамоҳ Алиёровна

Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ - тарбиявӣ
(+992) 501 84 4695

Раҷабова Муборак Хуршедовна

Мутахассиси бахши ҷавонон ва Шӯрои занон
(+992) 918 75 07 77