Наҷмуддинов Назархоҷа Акобирович

Мудири кафедраи  фанҳои гуманитарӣ

Тел: +992 070618989

E-mail: nazarkhoha@inbox.ru

  Кафедраи  фанҳои гуманитарӣ ҳамчун ҷузъи таркибии факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ  фаъолияти  худро  дар асоси талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Оинномаи  муассисаи  таълимӣ», «Низомномаи  кафедра» ва дигар   санадҳои меъёрию  ҳуқуқии соҳаи маориф аз соли 2023  ба  роҳ  мондааст. 

   Дар кафедра 36 нафар омӯзгорон, ки аз он; 17 нафар омӯзгорони асосӣ, 15 нафар омӯзгорони ҳамкори дохилӣ ва 4 нафар омӯзгорони  ҳамкори  беруна  мебошанд. Аз шумораи  умумии омӯзгорон: 2-нафар унвонҷӯ, 11-нафар муаллими калон, 8-нафар асисстент, 17-нафар коромӯз татқиқотчӣ   мебошад. Аз рӯзҳои  аввали  таъсисёбии  кафедра ҳайати устодони  он вазифа ва мақсадҳои гуногунро доир ба таълиму тарбияи ҷавонон ҳадафи худ гузоштаанд.

    Самтҳои асосии фаъолияти ҳайати устодони кафедра ҷабҳаҳои гуногуни соҳаи маорифро дар бар мегирад. Аз ҷумла:

  • таълиму тарбияи донишҷӯён чун ҷавҳари асосии пешрафти ҷомеа;
  • гузаронидани чорабиниҳои илмӣ-методӣ, тарбиявӣ-маърифатӣ ва оммавӣ- сиёсӣ бо мақсади такмили касбии ҳайати омӯзгорони кафедра ва баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ ва забондонии мутахассисони оянда;
  • доир ба ихтисосҳои мухталифи гурӯҳҳои коллеҷ таълиф намудани китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ,методӣ ва маводҳои ёрирасони таълим;
  • баланд бардоштани сатҳи забондонӣ аз рӯи ихтисосҳои таълим, муоширати байниҳамдигар ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ ҳамчун муоширати байналмиллалӣ;