ФАЙЗОВ ҲАМЗААЛӢ  ҲИГМАТУЛЛОЕВИЧ

Мудири кафедраи Технологияи иттилоотӣ ва дизайн

тел: +992 985 16 40 54

почта: tas1195@mail.ru

    Кафедраи технологияи иттилоотӣ ва дизайн фаъолияти худро дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Оиннома”, “Низомномаи кафедра” ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ мондааст. Айни замон кафедра мутахассисонро бо ихтисосҳои 2-400101 -таъмини барномавии технологияи итилоотӣ, 2-270131-иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот, 2-27013123- иқтисодиёт ва ташкил дар соҳаи сайёҳӣ, 2-27013105 – иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаи нақлиёти автомабилӣ ва 2-500135 – технологияи истеҳсолоти дӯзандагӣ омода менамояд.

   Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён бо номи “Барномасозонӣ ҷавон” амал мекунад, ки дар он донишҷуёни лаёқадманд ҷалб гардида, бо маърӯзаҳо баромад менамоянд.

    Дар кафедра 24 нафар ҳайати профессорону омӯзгорон ба таълимгирандагон тадрис медиҳанд, ки аз ин шумора 1, нафар номзади илм, 3, нафар муаллими калон, 7, нафар ассисент, 13, нафар коромӯз – тадқиқотчӣ ташкил медиҳанд.

   Дар кафедра 2- синфхонаи компютерӣ, 1-озмоишгоҳи сайёҳӣ ва кабинетҳои фаннӣ вобаста гардида, бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷҷаҳаз гардонида шудаанд, ки донишҷӯён дар равандӣ машғулиятҳои таълимӣ аз онҳо самаранок истифода мебаранд.