Гулмирзоева  Саврибегим  Қурбоналиевна

Тел:900007894

E-mail:gulmirzoeva savribegim@gmail.com

   Кафедраи “Педагогикаи касбӣ” аз моҳи августи соли 2023 ҳамчун ҷузъи сохтории муассисаи  таҳсилоти миёнаи касбӣ мувофиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҶумҳурииТоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми ҶумҳурииТоҷикистон, Оинномаи муассисаи таълимӣ  Қарори Шӯрои олимон аз 30.08.2023 таҳти № 1 ва  Низомномаи кафедра  фаъолият карда истодааст.

   Дар кафедра  18 нафар омӯзгорон  кору фаъолият менамоянд, ки  аз онҳо 6 нафар омӯзгори асосӣ, 11 нафар ҳамкори дохилӣ, 1 нафар ҳамкори беруна  мебошанд.

Фаъолияи ҳайати   устодони кафедра

  • тамоми фаъолияти кафедра баҳри татбиқи амалии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми ба Маҷлиси Олӣ, Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Вазорати меҳнат ва шуғли  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти муассиса ва садорати факултет   равона  намуда истодаанд;
  • корҳои фаҳмондадиҳӣ бо омўзгорони кафедра доир ба масъалаҳои омода кардани силлабусҳо, роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим ва дуруст ба роҳ гузоштани корҳои тарбиявӣ; 

Ҳадафи кафедра

       Кафедра дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи маориф  дар самти таҳсилоти томакабӣ ва таҳсилои ибтидоӣ саҳми  хуб мегузорад. Хатмкунандагони ихтисоси  Таҳсилоти  томактабӣ ва ибтидоӣ  метавонанд дар боғчаҳои бачагона ва барои синфҳои ибтидоӣ  кору фаъолият намоянд.