Маълумоти умумӣ дар бораи бахши умумӣ

    Бахши умумӣ яке аз воҳидҳои сохтори муҳими Коллеҷи муҳандисию омузгории шаҳри Душанбе ба шумор рафта, фаъолияти худро мутобиқ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории амалкунандаи соҳавӣ, Низомномаи бахши умумӣ ва Оинномаи муассиса ба роҳ мондааст.

Самтҳои асосии фаъолияти бахши умумӣ

      Бахши умумӣ мувофиқи вазифаҳои ба зимааш вогузор шуда аз рӯйи самтҳои зерин фаъолият мекунад:

  • Ворид ва содир намудани мактубҳо дар бахш;
  • Саривақт дастрас намудани мактубҳо ба сохторҳо, шуъбаҳо ва директори коллеҷ;
  • Мунтазам назорат бурдан оид ба иҷрои мактубҳои воридшаванда;
  • Қабул кардан, ба қайд гирифтан ва ташкил намудани иҷрои ҳуҷҷатҳои воридшуда.

      Ҳуҷҷатҳое,  ки ба раёсати коллеҷ ворид мегарданд, дар бахши умумӣ қабул карда мешаванд. Ҳуҷҷатҳои воридшуда дар дафтарҳои шаклашон муайян гардида қайд карда мешаванд. Ҳуҷҷатҳои таъҷилӣ бе навбат ба қайд гирифта шуда, мувофиқи таъиноти директори коллеҷ, фавран ба шахсони масъул расонида мешавад. Ҳуҷҷатҳои боқимонда дар давоми рӯз аз ҷониби шуъбаи умумӣ ба иҷрокунандагон расонида мешаванд.