Маълумот оид ба фаъолияти шӯъбаи  илм

    Шуъбаи илм ва инноватсия  яке аз қисми мустақили сохтори муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе буда, бо фармоиши директор аз  18.09.2018, №139  таъсис ёфтааст. 

    Шуъбаи илм ва инноватсия  фаъолияти кории худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Низомнома ва Оинномаи муассисаи таълимӣ ба роҳ мондааст.

    Мақсади асосии фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии Шуъба дар муассиса ноил шудан ба дастовардҳои нави илмӣ-техникӣ, ҳалли масъалаҳои гуногуни илмӣ, ки ба пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд, ҳамоҳангсозии фаъолияти илмӣ ба раванди таълим дар робита бо илмҳои академӣ ва соҳавӣ мебошанд. Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ дар муассиса аз рӯӣ нақшае, ки онро Шӯрои олимони муассиса тасдиқ менамоянд, амалӣ карда мешавад.

Самти фаъолияти шӯъба

  • Ташкил ва инкишоф додани фаъолияти илмии устодон, кормандон, докторантон, доктор PHD,  унвонҷӯён,  магистрҳо ва донишҷӯён мебошад;
  • Инчунин равона кардани иқтидори илмии муассиса барои ҳалли масъалаҳои гуногун, ки ба рушди соҳаҳои мухталифи маҳфилҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд;
  • Ташкил ва гузаронидани маҳфилҳои илмӣ-фарҳангӣ дар муассисаи таълимӣ;
  • Мусоидат ва инкишофи тафаккури эҷодии донишҷӯён дар ҳалли масъалаҳои илмӣ-техникӣ ва ихтирокориву навоварӣ;
  • Ба нақшагирии конфронсҳои илмӣ-амалӣ ва илмӣ-назарявӣ, мизҳои мудаввар ва семинарҳо дар асоси пешниҳодҳои кафедраҳо ва факултетҳо;
  • Ташкил ва гузаронидани мизҳои мудаввар, семинарҳо ва маҳфилҳои илмӣ дар назди факултет ва кафедраҳо;
  • Омӯзиш ва назорати иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотии кафедраҳо;
  • Омӯзиш ва назорати пешниҳодҳои кормандони илмӣ;