Саидаҳмадов Қодир Раҳматуллоевич

Декани факултети Технология ва иқтисодиёт

е-mail: Saidahmadov94@mail.ru

Тел: 939280294

   Факултети технолгия ва иқтисодиёт яке аз воҳидҳои сохтории Коллеҷи муҳандисию омӯзгорӣ ба ҳисоб меравад. Факултет технология ва иқтисодиёт фаъолияти  худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ, Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомнома ва Оинномаи муассисаи таълимӣ ба роҳ мондааст.

   Факултет дорои 2 кафедра мебошад: Кафедраи Технологияи иттилооти ва дизайн ва Кафедраи табиию  риёзї  фаъолият менамоянд.  Дар факултет синфхонаҳои таълимии тахассусӣ, ва озмоишгоҳҳо, ки бо  таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳаз гардида мавҷуд мебошад. 

     Ҳайати омӯзгорони факултети Технологияи ва иқтисодиёт 40- нафарро ташкил медиҳанд, аз инҳо 38-нафарашон омӯзгорони асосӣ ва 2 нафарашонро ҳамкор мебошад. Аз ин шумора 1-нафарашонро номзади илм, 6-нафарашон муаллими калон, 9-нафарашонро ассистент ва  24- нафарашон коромӯз татқиқотчӣ барои пешбурди фаъолияти корҳои таълимию тарбиявии донишҷуён машғул мебошанд.

   Факултети Технолгия ва иқтисод аз рӯи 5- ихтисос: 2-400101- Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ, 2-270131.23- Иқтисодиёт ва ташкил дар соҳаи сайёҳӣ, 2-500135-Технологияи истењсолоти дӯзандагӣ, 2-27013105-Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаи нақлиёти автомобилӣ, 2-270131-Иќтисодиёт ва ташкили истеҳсолот  мутахассисонро барои соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт омода менамояд. Дар факултет 15- гуруҳӣ таълимӣ бо теъдоди 248- нафар таълимгиранда, аз инҳо 117- нафарашонро духтар ва 131- нафарашонро писар ташкил медиҳад.