Омӯзгорон ва донишҷӯёни азиз!
       Боиси фараҳболию хушнудист, ки мо дар остонаи истиқболи соли нави мелодии 2023 қарор дорем ва онро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созанда истиқбол мегирем. Бигузор, Соли нави мелодӣ барои Шумо омӯзгорон, донишҷӯён ва мардуми шарафманди кишвари азизамон соли сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навин бошад! Воқеан, соли нав дар таърихи тамаддуни башарият, сарфи назар аз тааллуқ доштани он ба кадом намуди солшуморӣ ва фасли сол, бо қадами хуҷастаи худ ҳамеша хушиву хушҳолӣ меорад.

       Дар арафаи соли нав, натиҷагирӣ кардан аз бурду бохтҳои соли сипаришаванда ва тарҳрезии нақшаҳо барои соли оянда сурат мегирад.

     Ҳамин аст, ки ҳамасола пеш аз оғози соли нави мелодӣ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа гардида, аз як соли сипаригардида натиҷагирӣ карда мешавад.
     Махсусан барои мо аҳли маорифчиён боиси ифтихор аст, ки Ҳукумати мамлакат ба ин соҳа таваҷҷуҳи беандоза дошта, онро яке аз самтҳои афзалиятнокӣ хоҷагии халқ қабул намудааст, ки дар Паёми навбатӣ ҷойгоҳи махсус доштани соҳаи мазкур мушоҳида мегардид.
     Бояд қайд намуд, ки бо вуҷуди ҷой доштани мушкилотҳои геополитикӣ дар минтақа ва ҷаҳон соли сипаригардидаро барои мардуми шарафманди кишвар соли бобарор унвон намудан мумкин аст.

     Махсусан ҷонибдории Созмони Милали Муттаҳид аз ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба қабули Қатъномаи “Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дастоварди муҳими Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

     Барои аҳли коллективи муассисаи мо низ соли сипаригардида бо дастовардҳои назаррас соли хотирмон мебошад. Нашри дастуру китобҳои таълимӣ, мақолаҳои илмӣ-оммавӣ аз ҷониби омӯзгорони муассиса, гузаронидани чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, иштирок дар озмунҳои сатҳи ноҳивӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ, ҷалб намудани шунавандагон ба курсҳои кӯтоҳмуддат ва соҳибкасб гардонидани онҳо, ки аз иҷрои рисолати дар назди мо гузошташуда, яъне омода намудани мутахассиссони соҳибкасб ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат дарак медиҳад, дастовардҳои беназири моро дар соли сипаригардида инъикос менамоянд.
    Дар интиҳо бори дигар Шумо ҳамватанон, устодон ва шогирдони азизро бо фарорасии соли нави мелодӣ сидқан муборакбод намуда, дастовардҳои беназир, рӯзгори пурфайзу бобарактро таманно дорам.
Соли нав, яъне давоми соли нек,
Соли нав, яъне паёми фоли нек.
Соли нав, яъне шукӯҳи фасли дай,
Соли нав – табрики ёрон пай ба пай.
Соли нав, яъне гузоришҳои дил,
Бо усули нав нигоришҳои дил.
Соли нав – субҳи пур аз файзу сафо,
Соли нав – оғози фасли хандаҳо.
Соли нав, яъне дами барнои вақт,
Бо тариқи тозатар эҳёи вақт.
Соли нав, яъне ба табрик омадан,
Панҷа бар пушти дари дилҳо задан.
Пас, муборак бод, ёрон, Соли нав,
Ҳадя созад бар шумо иқболи нав.
СОЛИ НАВӢ МЕЛОДИ МУБОРАК!