Раҷабзода Навруз Қадамшо

Декани факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ

e-mail: futboln1991@mail.ru

Тел:992 908846230

   Факултети муҳандисӣ-омӯзгори яке аз воҳидҳои сохтории коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта соли 2014 таъсис дода шудааст. Факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Низомнома ва Оинномаи муассисаи таълимӣ ба роҳ мондааст.

   Дар тобеияти факултет 3 кафедраи тахассусӣ фаъолият менамоянд: кафедраи “Энергетика ва нақлиёти автомобилӣ, кафедраи методикаи таълими истеҳсоли ва фанҳои гуманитарӣ, кафедраи филология фаъолият менамояд. Дар факултет синфхонҳои таълимии тахасусӣ, ва озмоишгоҳо, ки бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳаз гардонида мавҷуд мебошанд.

    Ҳайати омӯзгорони факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ 72 нафарро ташкил медиҳанд, аз инҳо 52 нафарашон омӯзгорони асосӣ ва 20 нафарашон ҳамкор мебошанд. Аз шумораи номбурда 3 нафар номзади илм, дотсент, 22 нафар муаллими калон, 25 нафар ассистент, 22 нафар коромӯз-татқиқотчӣ барои пешбурди фаъолияти кори таълиму тарбияи донишҷӯён машғул мебошанд.Факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ дар шуъбаи рӯзона ва ғоибона аз рӯи 7 ихтисос: 2-080101 01-таълими касбӣ (мошинсозӣ), 2-080101 31-Таълими касбӣ (нақлиёти автомобилӣ), 2-080101 05-Таълими касбӣ (сохтмон), 2-430103-Таъминоти барқ, 2-430101 31-Истифодабарии таҷҳизоти нерӯгоҳҳо ва нерӯгоҳҳои хурди барқӣ, 2-010101-Таҳсилоти томактабӣ ва 2-010201-Таҳсилоти ибтидоӣ мутахассисонро барои соҳаҳои муҳими ҷомеъа, аз ҷумла соҳаи омӯзгорӣ омода менамояд.

   Дар факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ 35 гурӯҳи таълимӣ бо теъдоди 448 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 248 нафар дар шуъбаи ғоибона донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.