Фаъолияти Шӯрои занон ва кор бо оила

      Фаъолияти тамоми сохторҳои Коллеҷи муҳандисию омӯзгориишаҳри Душанбе, аз ҷумла, Шӯрои занон ва кор бо оила баҳри тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи хештаншиносиву худогоҳии миллӣ, баланд бардоштани маданияти сиёсии донишҷӯён, тарбияи ахлоқи ҳамида, меҳнатдӯстӣ, зебоипарастӣ равона карда шудааст.

    Шӯрои занон ва кор бо оилаи коллеҷ яке аз сохторҳои ниҳоят муҳим ба ҳисоб рафта, самтҳои асосии фаъолияти Шӯро ин расонидани кӯмакҳои иттилоотӣ-машваратӣ ба бонувон ва донишҷӯдухтарон, ҷалби духтарон ба таҳсил, фаро гирифтани онҳо ба касбомӯзӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби ҷомеа дар байни занону духтарон мебошад.

     Шӯрои занон ва кор бо оилаи коллеҷ, баҳри тадбиқи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои роҳбарияти коллеҷ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи корҳои тарбиявӣ миёни донишҷӯдухтарон  тадбирҳо андешида, фаъолиятро дар ин самт тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ мондааст. Дар асоси Консепсияи мазкур нақшаи чорабиниҳои Шӯрои занон ва кор бо оилаи коллеҷ тартиб дода шуда, аз тарафи Раёсати коллеҷ тасдиқ карда шудааст.

    Фаъолияти Шӯрои занон ва кор бо оилаи коллеҷ аз рӯи нақшаи солонаи тасдиқшуда ба роҳ монда шуда, бо нақшаи чорабиниҳои қисми тарбия ҳамоҳанг карда шудааст.

    Дар коллеҷ зиёда аз 80- нафар занону бонувон кор ва фаъолият доранд. Аз ин ҳисоб, 75- нафарашон бонувоне мебошанд, ки бо фаъолияти омӯзгорӣ машғуланд. Дар баробари ин 21 нафар занону духтарон вазифаи кураториро ба ӯҳда доранд.

    Шӯрои занон ва кор бо оилаи коллеҷ баҳри тадбиқи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои роҳбарияти коллеҷ ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи занон ва духтарон дар ҷомеа тадбирҳо меандешад.

   Қабул гардидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба қатори он муҳимтарин санадҳо дохил мешавад ва дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо мавқеи махсус дорад. Вобаста ба ин қобили қайд аст, ки шумораи зиёди устодон ва донишҷӯёни коллеҷро занону духтарон ташкил медиҳад.

    Бонувони фаъоли коллеҷ дар қатори садҳо бонувони кишвар дар таълиму тарбия, ободии сарзамин саҳми худро гузошта истодаанд.