Садиров Фаёзиддин Раҳимович 26.02.1967 дар ноҳияи Фархори Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллат тоҷик,таҳсилот олӣ. Соли 1992 факултети филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдуллои Рӯдакии аз рӯи ихтисоси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик хатм намудааст.Омӯзгори калон, айни замон ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе фаъолият дорад. |
Солҳои 1992-1999 омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби миёнаи №19 ноҳияи Фархор,солҳои 1999-2005 муҳаррири идораи иқтисодиёт ва кишоварзӣ дар телевизиони шабакаи якум ,солҳои 2007-2015 ҷонишини директор дар гимназияи хонандагони болаёқати назди ДИТ, солҳои 2016-2017 омӯзгори калон дар кафедраи”Забонҳо”-и Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе,солҳои 2017-2018 мудири кафедраи “Забонҳо”-и Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе, солҳои 2018-2019 ҷонишини директор оид ба тарбия дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе, солҳои2020-2021 мудири шуъбаи таълим дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе фаъолият намудааст. Аз 1.12.2021 ҷонишини директор оид корҳои таълимӣ дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории фаъолият дорад. |
|
Садиров Фаёзиддин Раҳимович |
Барои фаъолияти пурсамар ва бенуқсон дар соҳаи маорифи кишвар соли2014 бо медали “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдони карда шудааст. |