Э Ъ Л О Н!

    Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе” барои ишғоли ҷойҳои холии кории маъмуриву, профессорӣомӯзгории зерин дар соли таҳсили 2023-2024 озмун эълон менамояд:

 

Номи сохтор

Номгӯйи вазифаҳои холӣ

Воҳиди кории холӣ

1.   

 Маъмурият  Декани факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ 1
 2.     Маъмурият  Декани факултети технология ва иқтисодиёт 1
 3.     Маъмурият  Мудири кафедраи энергетика ва нақлиёти автомобилӣ 1
 4.     Маъмурият  Мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва дизайн 1
5.     Маъмурият  Мудири кафедраи педагогикаи касбӣ 1
6.     Маъмурият  Мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ 1
7.     Маъмурият  Мудири кафедраи фанҳои табиию риёзӣ 1
8.     Факултети технология ва   иқтисодиёт  Сармутахассис (ҷонишини декан оид ба корҳои тарбиявӣ) 1
9.     Кафедраи энергетика ва   нақлиёти автомобилӣ  Омӯзгорони фанҳои тахассусӣ (энергетика ва нақлиёт) 2
10.    Кафедраи технологияи   иттилоотӣ ва дизайн  Омӯзгорони фанҳои технологияҳои иттилоотӣ 2
11.     Шуъбаи таълим  Сардори шуъба 1
12.     Шуъбаи тарбия  Сармутахассиси шуъба 2
13.     Бахши ҷавонон  Сардори бахш 1
14.     Шуъбаи илм ва инноватсия  Сардори шуъба 1
15.     Шуъбаи илм ва инноватсия  Сармутахассиси шуъба 1
16.     Шуъбаи илм ва инноватсия  Сармутахассиси шуъба (котиби Шӯрои илмӣ) 1
17.     Бахши технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ  Сардори бахш 1

 

     Номзадҳо барои ишғоли ҷойҳои холии декани факултетҳо ва мудирони кафедраҳо бояд ба талаботҳои зерин ҷавобгӯ бошанд:

  • Доштани унвони илмӣ;
  • Таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мазкурро таъмин карда метавонад;
  • Собиқаи корӣ дар соҳаи маориф ва аз рӯи ихтисос на камтар аз 5 сол;
  • Донистани асосҳои педагогика ва психология;
  • Дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо зердастон;
  • Хуб кор кардан бо компютер ва шабакаи интернет;
  • Донистани забони давлатӣ ва як забони хориҷӣ;
  • Донистани Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои марбут ба соҳаи маориф;
  • Қобилияти коммуникативӣ ва ташкилотчигӣ.

 

     Талаботҳо вобаста ишғоли дигар вазифаҳои холии маъмурӣ:

  • Маълумоти олии тахассусӣ;
  • Собиқаи корӣ дар соҳаи маориф ва аз рӯи ихтисос на камтар аз 3 сол;
  • Донистани асосҳои педагогика ва психология;
  • Кор кардан бо компютер ва шабакаи интернет;
  • Донистани забони давлатӣ ва як забони хориҷӣ;
  • Донистани Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои марбут ба соҳаи маориф;
  • Қобилияти коммуникативӣ ва ташкилотчигӣ.

 

     Талаботҳо вобаста ишғоли вазифаҳои омӯзгорӣ:

  • Маълумоти олии тахассусӣ;
  • Собиқаи кории омӯзгорӣ аз рӯи ихтисос на камтар аз 3 сол;
  • Донистани асосҳои педагогика ва психология;
  • Кор кардан бо компютер ва шабакаи интернет;
  • Донистани забони давлатӣ ва як забони хориҷӣ;
  • Донистани Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои марбут ба соҳаи маориф;

     Ба дорандагони дараҷа ва унвони илмидошта имтиёз дода мешавад.

 

     Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • Ариза ба номи директори Коллеҷ;
  • Варақаи баҳисобгирии кадрҳо;
  • Тарҷумаи ҳол;
  • Нусхаи ҳуҷҷатҳо оид ба маълумоти олӣ (бо замимааш), унвони илмӣ ва такмили ихтисос (нусхаи диплом, шаҳодатнома ва ғ.);
  • 2 адад сурати рангаи андозааш 4х6 ва 4 адад 3х4;
  • Дафтарчаи меҳнатӣ;
  • Нусхаи шиноснома (шакли соли 2014);
  • Нусхаи РМА (рақами мушахаси андозсупоранда);
  • Нусхаи СИН (суғуртаи иҷтимоии нафақавӣ);
  • Дафтарчаи тиббии шакли муқарраршуда;
  • Маълумотномаи тиббии шакли №038 УЕ;
  • Маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ;
  • Нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
  • Тавсифнома аз ҷойи кори пешина.

 

   Барои иштирок дар озмун довталабон метавонанд, ки ариза ва ҳуҷҷатҳои муқарраршударо ба шуъбаи кадрҳои муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе воқеъ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Борбад 48 пешниҳод намоянд.

     Санаи ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо: 15 феврали соли 2024 то соати 1700.

     Телефон барои тамос: 231-27-30.