Файзуллоева Дилрабо Назурвалиевна 28.03.1982 дар ноҳияи Тоҷикобод, ҷамоати деҳоти Калъаи Лаби Об,  деҳаи Саи Пул  дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳоти номбурда, соли 2001-ум ба Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон факултети журналистика ихтисоси журналисти байналхалқӣ  дохил шуда, соли 2006 муассисаи болозикрро  сарбаландона хатм намудаст. Дар соҳаи маориф фаъолияти кории худро аз моҳи августи соли 2016 дар муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе оғоз намуда, то соли 2017 ба ҳайси сармутахассиси Шӯрои кор бо занон ва оилаи Коллеҷ фаъолият намудааст. Баъдан аз соли 2017 то соли 2021 дар муассисаи номбурда ба хайси мудири бахши “Табъу нашр”-и Коллеҷ фаъолият  намудааст. Аз сани 11.07.2021 то ин ҷониб дар муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ба ҳайси муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ фаъолият намуда истодааст. Олиладор соҳиби се фарзанд узви фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  мебошад. 
Файзуллоева Дилрабо Назурвалиевна

ТЕЛ:+992 930881125

       Бо мақсади саҳми назаррас гузоштан дар соҳаи маориф бо “Ифтихорнома”-и  Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Сипоснома”-и Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, “Сипоснома” ва  Ифтихорнома”-и Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Ифтихорнома”-и Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе як қатор “Сипоснома”- ва “Ифтихорнома”-ҳои муассисаҳои фаъолиятнамудаш қадрдонӣ карда шудааст.