Тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои илми таҳқиқотӣ санаи 23.01.2023 дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Тартиби дуруст омода намудани мақолаҳои илмӣ мувофиқ ба талаботи маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА” барои омӯзгорон, магистрантон ва аспирантон бо иштироки доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забонҳои Донишгоҳи молия ва иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайҷаъфаров Озод баргузор карда шуд.
Семинарро ҷонишини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилаллӣ Раззоқбердиев Шараф Саймуродович ифтитоҳ намуда меҳмонон ва иштирокчиёнро хушомадед намуданд.
Сипас доктори илмҳои филологӣ, профессор Сайҷаъфаров Озод ба сухан баромада дар бораи тартиби навиштани мақолаҳои илмӣ-назариявӣ мувофиқ ба талаботи маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА маъруза намуданд. Мавсуф қайд намуданд, ки тибқи Низомнома ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ талаботи муайян барои нашри мақолаҳои илмӣ роҳандози гардидааст. Аз ҷониби профессор оиди нозукиҳо ва паҳлуҳои дуруст пешниҳод намудани мақолаҳои илмӣ бо мисолҳои мушаххас фаҳмонида дода шуд.
Дар ҷамъбаст саволу ҷавоб миёни иштирокчиён ва профессор баргузор гардида ҷавобҳои мушаххас дода шуд.