Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе санаи 13.04.2024 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки санаи 09.03.2024 баён доштанд, ҳамоиши илмӣ-назариявӣ бо иштироки номзади илмҳои сиёсӣ – сиёсатшинос, муҳаққиқ ва шоири тоҷик Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаи таълимӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Чорабиниро директори Коллеҷ номзади илмҳои техникӣ Рабизода Наҷибулло ифтитоҳ намуда, ба сиёсатшиноси маъруфи тоҷик Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо ҷиҳати ташрифашон ба муассисаи таълимӣ изҳори минатдорӣ намуданд. Роҳбари муассиса зикр намуданд, ки бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки санаи 09.03.2024 баён доштанд дар муассисаи таълимӣ Нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда, баргузории ин вохӯрӣ талаботи яке аз бандҳои он маҳсуб ёфта, дар баробари ин бо мақсади амалӣ намудани қонунҳо «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, стратегияҳои миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020 ва 2021 – 2025-низ Нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда, раванди амалигардонии онҳо зери назорати ҷиддии масъулини муассиса қарор доранд. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, ин мавзӯи мубрами рӯз зимни вохӯрӣ бо коршинос номзади илмҳои сиёсатшиносӣ – сиёсатшинос, муҳаққиқ ва шоири тоҷик Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо мавриди баррасӣ ва фаҳмондадиҳӣ қарор дода шуд. Мавсуф зери ин мавзӯъ маърӯзаи судманди хешро ироа намуда, зимни баромадашон қайд намуданд, ки имрӯзҳо равандҳое ки дар ҷаҳони муосир идома доранд аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардида, ба пешрафти давлату ҷомеаи мо таъсири манфӣ мерасонанд аз ҳар яки мову шумо алалхусус омӯзгорон масъулияти баландро дар самти пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба гурӯҳҳои ифротиро тақозо менамояд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар санаи 09.03.2024 қайд намуданд, ки “Сохтору мақомоти дахлдори кишвар дар асоси барномаҳо ва дигар санадҳои қабулнамудаи Созмони Милали Муттаҳид, инчунин, меъёрҳои қонунгузорӣ бар зидди таҳдидҳои зикргардида муборизаи муташаккилонаро ба роҳ мондаанд ва Тоҷикистон имрӯз ба сифати кишвари пешсаф дар самти мубориза бо терроризму экстремизм эътироф гардида, дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок мубориза мебарад.
Бо вуҷуди ин, ҳолатҳои ифротишавии баъзе шаҳрвандони мо ва гароиши онҳо ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ба назар мерасанд. Сабаби асосии чунин вазъият, пеш аз ҳама, дар он аст, ки кор бо мардум дар самти ташаккули маънавиёти солиму созанда ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст”. Пас бо мақсади амалӣ намудани ин дастури Роҳбари давлат яъне дар сатҳи зарурӣ ташкил ва баргузор намудани чунин вохӯриҳо ва чорабиниҳои гуногуни мазмуни сиёсию тарбиявидошта масъулини тамоми табақаҳои ҷомеа ва муассисаҳои таълимиро мебояд мунтазам ба роҳ монанд. Имрӯзҳо бархе аз ҷавононе, ки аз тарбияи оилавӣ, диннӣ ва дунявӣ дур мондаанд, ақидаи хом дошта бо ҳаргуна роҳу воситаҳо фирефтаи дассисаҳои шахсони нохалафу хоинони давлату миллат ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил мегарданд дар ҳоле, ки онҳоро мебояд илм омӯзанд, ҳамқадами замона гарданд, соҳибкасб шуда ба давлату миллат содиқона хизмат намоянд.
Бо як рафтори носазо идомаи умри ҷавон ва ҳаёти осоиштаи худро ба зери панҷара мебаранд. Дар ҳоле, ки Ҳукумати мамалакат барои пешбурди фаълолият ва баланд бардоштани обруву нуфузи ояндагони миллат, яъне ҷавонон пайваста чораҳои некбинона меандешад. Чуноне, ки Пешвои миллат зимни ин вохӯриашон қайд намуданд “Хурофот хатарест, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад, хурофот ҷаҳолат аст, ҷаҳолат барои миллат танҳо бадбахтӣ меорад. Ҳар қавму миллате, ки дар рафтори он нишонаҳои ҷаҳолату хурофотпарастӣ густариш меёбанд, он миллат аз зиндагии босаодат маҳрум мегардад. Инро дар мисоли чандин кишварҳои ҷаҳон дар шароити имрӯза низ мушоҳида кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, мардуми мо бояд огоҳ бошанд ва фирефтаи тарғиботи душманони дину ойин ва миллату мазҳаби худ нашаванд”. Гаравидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо аз ҷониби баъзе аз ҷавонони сабукирода дур мондан аз китоб, тарбияи падару модар, илму маданият ва фарҳангу варзиш мебошад. Бегонапарастӣ дар сару либос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб яке аз масъалаҳое мубраме мебошад, ки Пешвои миллат дар ин масъала зимни ин вохӯриашон изҳори нигаронӣ намуданд. “Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангист, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад”.
Дар баробари ин суханҳо, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки гурӯҳҳои ифротӣ ва бегонапараст кӯшиш мекунанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ бо шиорҳои динӣ моро аз давлату миллати худ, аз асли тоҷик будан ва пояҳои устувори таъриху тамаддуни ниёгонамон дур созанд. Либоси миллӣ яке аз воситаҳе мебошад, ки аз баланд бардоштани эҳтироми ватандӯстиву хештаншиносӣ, муаррифгари санъату ҳунар ва маданияти волои халқи тоҷик хабар медиҳад ва ҳар як бону, зан ва модари тоҷикро мебояд либоси миллии тоҷиконаро, ки таҷассумгари таъриху фарҳанги волои миллати тамаддунофари тоҷик мебошад бабар намоянд зеро либоси миллӣ инъикоскунандаи арзишҳои моддиву маънавии гузаштаи ҳар як миллат маҳсуб меёбад.
Аз рӯйи забон, фарҳанг ва шаклу тарзи либоспӯшиа шинохта мешавад. Аз ин лиҳоз, мо бояд ба хотири ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ воридшавии либосҳои ба ном динӣ, аммо ба урфу одат ва фарҳанги мо бегонаро пешгирӣ намоем. Ҳамзамон муҳаққиқ ва шоири тоҷик Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо қайд намуданд, ки омили наҷотбахши инсоният танҳо илм ва рӯ ба илмомӯзӣ овардани насли ҷавони кишвар аст. Пас ҷавонони хуштолеъи зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар вазифадоранд, илм омӯзанд ва ҳамчун шахсиятҳои соҳибиззат бакамол расида ояндаи ин давлату миллатро равшан намоянд ва муборизи арзишҳои миллии давлати ҳуқуқбунёд ва тамаддунофар бошанд. Дар фарҷоми баромади коршинос Абдуллоҳи Раҳнамо иштирокчиёни вохӯрӣ ба музокира баромада, ба суолҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Роҳбарияти муассиса ба меҳмони гиромиқадр бо мақсади ҳамкориҳои судманд дар самти тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ “Сипоснома”-и муассисаи таълимиро тақдим намуданд. Вохӯрӣ дар сатҳи хело баланд ва судманду хотирмон баргузор карда шуд.