ХУРОФОТ ВА ХАТАРИ ОН БА ИМРӮЗ ВА ОЯНДАИ ТОҶИКИСТОН
“Хурофот ҷаҳолат аст, ҷаҳолат барои миллат танҳо бадбахтӣ меорад”
Эмомалӣ Раҳмон
 
    Зери ин унвон санаи 24.04.2024 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолон, намоядагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар санаи 9-уми марти соли 2024 баён доштанд, ҳамоиши илмӣ – назариявӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
     Дар ҳамоиш Норасов Абдуалим Аҳтамович мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Назарзода Манучеҳр муовини Раиси иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Валиева Саёҳат Абдулазизовна мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе роҳбарият, кормандон ва донишҷӯёни муассиса иштирок намуданд. Чорабиниро ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Файзуллоева Дилрабо Назурвалиевна бо шукргузорӣ аз танинандоз будани фазои сулҳу осоиштагӣ ва истиқлолу ваҳдати миллӣ ҳусни оғоз бахшида, қудуми меҳмононро ба ин даргоҳи касбу ҳунар хайру мақдам гуфта, борои ташрифашон изҳори минатдорӣ баён намуданд.
     Мавсуф қайд намуданд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат аз мулоқот бо фаъолон, намоядагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки санаи 9 – уми марти соли 2024 баён доштанд дар муассисаи таълимӣ Нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда, масъулини муассиса раванди иҷроиши онро мунтазам таъмин намуда истодаанд. Ҳамзамон қайд намуданд, ки яке аз масъалаҳое, ки доғи рӯз аст ва таъсири манфии худро ба пешбурди давлату зиндагии осоиштаи миллати тоҷик мерасонад, ин хурофотпарастӣ ва шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мебошад.
      Бо мақсади пешгирии ин омилҳои хатаровар роҳбарияти муассиса корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият дода, чорабиниҳои самт ва сатҳи гуногундоштаро роҳандозӣ намуда истодаанд.
Пешвои миллат зимни вохӯрии болозикр қайд намуданд, ки “Мо мардуми Тоҷикистон ҳамеша дар мазҳаби муътадил ва таҳаммулгарои Имом Абӯҳанифа будем ва намегузорем, ки дар байни мардуми кишвар бо истифода аз эҳсосоти динӣ фикру андешаҳои радикалии динӣ ва экстремистӣ паҳн гарданд. Дар робита ба ин, як андешаи худро, ки борҳо гуфтаам, бори дигар хотирнишон менамоям: хурофот хатарест, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад”.
    Сипас Норасов Абдуалим Аҳтамович мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз эҳтироми касбияти омӯзгорон ва саҳми беандозаи онҳо дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷомеа сухан намуданд. Норасов Абдуалим Аҳтамович қайд карданд, ки дар ҳақиқатан пешаи омӯзгорӣ ҳам дар дину мубини ислом ва ҳам дар қонунгузории кишвар мақоми хоса дорад ва шогирдонро мебояд ба заҳмати шабонарӯзии эшон сари таъзим фуруд оранд. Мавсуф ба мавзӯи ҳамоиш ворид гардида қайд намуданд, ки Пешвои муаззами миллат мулоқоти ниҳои худро бо намояндагони фаъоли тамоми табақаҳои ҷомеа бо мақсади пойдории сулҳу субот дар ватани маҳбубамон Тоҷикистон ва тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати шомил нашудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, рӯ наовардан ба хурофотпазирӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, баргузор намуданд.
     Пас ҳар як шахси маърифатпарвар ва ватандӯстро мебояд дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки амнияти зиндагии тамоми мардуми Тоҷикистонро тақозо менамояд қадами устувор гузоранд. Решаи аслии хурофот нодонӣ ва бовармандӣ мебошад. Инсон дар баробари ҳаводиси рӯзафзуни табиат ҳамеша дучори мушкил аст. Асли ин мушкил аз он маншаъ мегирад, ки агарчи инсон пайваста бо табиат вуҷуд дорад ва берун аз он вуҷуд дошта наметавонад, лекин боз ҳам дар мутобиқшавӣ бо равандҳои табиӣ нисбат ба дигар намудҳои зинда осебпазир аст. Инсонҳо дар шароитҳои гуногун вобаста аз вазъиятҳои бавуҷудомада роҳҳои гуногуни ҳалли мушкилро меҷӯянд. Он гоҳ ки эҳсос кунанд, роҳи ҳалли мушкил тариқи ақлу хирад ва таҷриба дар дасташон нест, ба хаёлпардозӣ рӯ меоранд. Дар Фарҳанги забони тоҷикӣ мафҳуми «хурофот» ба маънои сафсата, гапи бемаънӣ, ақида ва фикри мавҳуми беасос омадааст.
    Аз рӯзе, ки инсоният дар ҷаҳони илм по гузошт, хурофот домангири ӯ шуда буд. Хурофот ва хурофотпарастӣ дар байни одамон курбониҳои зиёдеро ба бор оварда, дар рушд ва пешравии ҳама гуна соҳаҳои илм ба олимон мушкилоти ҷиддиро пеш овардааст. Ҳатто бо баланд будани ҷаҳолат ва хурофотпарастии одамони оддӣ олимони зиёде дар роҳи илм қурбон шуданд. Аз ин рӯ хурофотро метавон дарди вазнини илм ва ҳатто марги илм номид. Асоси ба хурофот ва хурофотпарастӣ гирифтор шудани одамон ин ҷаҳолат, тангназарӣ ва аз илм дур мондани онҳост. Барои аз вартаи хурофот ва хурофотпарастӣ берун кашидани ҷомеа зарурати ҳарчӣ бештари таблиғи ҳама соҳаҳои илм пеш меояд. Аз нигоҳи илм, хурофот ақидаи бофтаву сохта буда, исбот нашудааст.
    Назарзода Манучеҳр муовини Раиси иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон зимни суханронии худ қайд намуданд, ки дар суханронии Ҷаноби олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар ба якчанд нуқтаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ таваҷҷуҳ намуданд, ки ба андешаи ин ҷониб яке аз муҳимтаринашон ин ҳолати хурофотпарастии баъзе аз мардум мебошад. Зеро ҳар қавму миллате, ки дар рафтори он нишонаҳои ҷаҳолату хурофотпарастӣ густариш меёбанд, он миллат аз зиндагии босаодат маҳрум мегардад. Пешвои миллат дар роҳи ҳифзу такомули арзишҳои эътиқодиву ахлоқии дини мубини ислом, поксозии он аз ҳама гуна хурофоту таассуб, ҳимоя аз тафриқаандозӣ ва пойдории асолати диниамон корҳои назаррасеро анҷом додаанд ва барои ҷаҳониён халқи тоҷикро ҳамчун миллати тамаддунофар муаррифӣ намуданд.
    Аммо боз ҳам ҳолатҳое мешаванд, ки баъзе мардуми аз доираи фарҳанги миллӣ ва динӣ дур даст ба хурофотпарастӣ мезананд. Пас ҳар ҷавони боақлу боидрокро мебояд аз ин хатар худро дур нигоҳ дошта, аз ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумат баманфиати оила ва давлату ҷомеа истифода бурда барои ҳифзи истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва арзиҳову ғояҳои миллӣ саҳмгузор бошад.
   Валиева Саёҳат Абдулазизовна мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба сухан бармада аз ғамхорӣ ва дастгириҳои мунтазами Пешвои миллат нисбат ба занону бонувон назари андеша намуданд. Муаллима қайд намуданд, ки яке аз мушкилиҳои бемайлонае, ки имрӯзҳо занону бонувон ба онҳо роҳ медиҳанд ин рӯ овардан ба либоси ба фарҳанги миллати тоҷик бегона мебошад.
    Либоси миллӣ ин як воситаи муаррификунандаи фарҳангу тамаддуни миллати фарҳангсолори тоҷик мебошад ва риояи он вазифаи ҳар як бонуи соҳибхирад аст.
Масъулини самти ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва занони шаҳри Душанбе ба масъалаи тақвият додани тарбияи ватандӯстӣ равшани андохта қайд намуданд, ки ватандӯстии ҳақиқӣ моҳиятан гуманистӣ буда, эҳтиром ба дигар халқҳо ва кишварҳо, расму анъанаҳои миллии онҳоро дар бар мегирад ва бо фарҳанги муносибатҳои байни миллатҳо робитаи ногусастанӣ дорад. Дар фарҷоми чорабинӣ баъд аз музокираҳо, ки байни коршиносон бо иштирокчиёни чорабинӣ гузаронида шуд, ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардид.
Бо мақсади эҳтиром ба меҳмонон аз ҷониби роҳбарияти муассиса барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд “Сипоснома” тақдим карда шуд.
    Ҳамоиш бениҳоят судманд ва хотирмон баанҷом расид.

Leave a Comment