Таҳти ҳамин унвон санаи 31 октябри соли 2024 семенари омӯзишӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои 2-430103-Таъминоти барқ (аз рӯи соҳаҳо) ва 2-430101 31- Истифодабарии таҷҳизоти нерӯгоҳҳо ва нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар доираи ҳамкориҳо бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) доир гардид.
Семенарро директои Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе н.и.т. Рабизода Н. ифтитоҳ намуда, ҳузури меҳмонони олиқадрро хайрамақдам намуданд. Мавсуф дар баромадаш ҷиҳати самтҳои истифодаи оқилонаи энергия, маърифати истифодаи энергия ва бевосита оид ба аҳамияти соҳаи энергитика дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Сипас, намояндаи Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) ва намояндаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон низ оид ба аҳмият ва ҳадафи семинари мазкур андешаронӣ намуданд.
Тибқи барномаи семенар Мансур Қудусов-муовини Директори ҶСК«Системаавтоматик» дар мавзӯи «Асосҳои техникию иқтисодии нерӯгоҳҳои электрикии офтобии бомҳо дар Тоҷикистон»; Давлатов Давлаҳманд омӯзгори калони кафедраи энергетика ва нақлиёти автомобилии Коллеҷ дар мавзӯи «Сарфаҷӯии энергия», Сайёд Шарифов-сармутахассиси раёсати сармоягузории Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳолат ва дурнамои энергияи барқароршаванда дар Тоҷикистон. Таҷрибаи Ҷопон дар самти сарфаҷӯии энергия»; Хуршеда Сафарова-мутахассиси пешбари раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Истифодаи оқилонаи энергия. Таҳаввулотро аз худ бояд оғоз кард» маърӯза намуданд.
Дар анҷом байни иштирокдорони семенар мубодилаи афкор сурат гирифта ба иштирокчиён маводҳои таълимӣ ва методӣ ҷиҳати омӯзишӣ масъалаи мазкур дода шуд.

Leave a Comment