Санаи 02.11.2024, дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе” бахшида ба 30 – солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” Конференсияи ҷумҳуривӣ дар мавзӯи “Конститутсия-санади олии ҳуқуқӣ” баргузор гардид.
Дар Конференсияи ҷумҳуриявӣ меҳмонон аз Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе, кормандони дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе ва омӯзгори калони кафедраи “Таърих ва ҳуқуқ”-и ДДОТ ба номи устод С.Айнӣ, роҳбарият омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Коллеҷ иштирок доштанд.
Кори Конференсияи ҷумҳуривияро директори Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе н.и.т. Рабизода Н. оғоз намуда, ҳозиринро бо 30 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади тақдирсоз таҳният гуфта, доир ба моҳият ва нақши Конститутсия, инчунин хизматҳои беназири Пешвои миллат дар қабули ин санади муҳими тақдирсоз андешаронӣ намуданд.
Сипас тибқи барномаи конференсия мудири шуъбаи омори Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Хуршед дар мавзӯи “Нақши созандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини волоияти қонун”, роҳбари дастгоҳи суди шаҳри Душанбе Назирмадзода Даврон Назирмад дар мавзӯи “Нақши Конститутсия дар сохтори ҳокимияти судӣ”,
корманди дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе Муҳаммад Сафарзода дар мавзӯи “Конститутсия-кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд”, омӯзгори калони кафедраи “Таърих ва ҳуқуқ”-и ДДОТ ба номи устод С.Айнӣ Маҳмудов Давлатшоҳ дар мавзӯи “Таърихи қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол” ва ҳуқуқшиноси Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе Абдуллоев Исфандиёр дар мавзӯи “Нақш ва мавқеи Конститутсия дар низоми қонунгузории миллӣ” бо маърӯза баромад намуданд.
Ҳамзамон дар рафти чорабинии мазкур байни меҳмонон ва иштирок оид ба Конститутсия мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар ҷамъбасти меҳмонон барои ҳамкориҳои судманд дар татбиқи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бо “Сипоснома”-и Коллеҷ қадрдонӣ гардиданд.

Leave a Comment