“РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА МОҲИЯТИ ТАҚДИРСОЗИ
ИҶЛОСИЯИ ШОНЗДАҲУМ !”
Зери ҳамин унвон санаи 12-уми ноябри соли 2024 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе” бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президент ва 32 – юмин солгарди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар чорабинӣ директори Муассисаи давлатии “Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе” – Давлатзода Сурайё Садулло, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Амонуллозода Раҳима Амонулло, собиқадорони меҳнат – Узакоева Адолат Ҷурабаевна ва Завқиева Робиямо, роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби меҳмонон ва иштирокчиён бо самимияти беандоза нисбат ба Ватан оғоз гардид. Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Файзуллоева Д.Н. меҳмононро ба муассиса хушомадед гуфта, аҳли нишастро бо ин ҷашни таърихии миллат шодбош гуфта, ба ҳамагон саодати рӯзгор ва ба Тоҷикистони азиз гулгулшукуфоии ҳамешагиро таманно намуданд.
Мавсуф қайд намуданд, ки баргузории чорабинии имрӯза тибқи Нақшаи чорабиниҳои Коллеҷ дар радифи чорабиниҳои гуногунсамт бо мақсади арҷгузорӣ ба ин санаи муҳими таърихӣ, яъне Рӯзи Президент ва 32 – юмин солгарди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гашта истодааст.
Ҳамзамон зикр намуданд, ки ин Иҷлосия дар роҳи қатъ ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ ва бақои миллати тоҷик дигаргунии куллӣ ворид кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи сарнавиштсози миллат чунин таъкид менамоянд: “Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ бо тақозои таърих на танҳо тифли дар гавҳворабудаи Истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайян сохт ва Тоҷикистони тозаистиқлолро ба сӯи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд”. Ҳар як шаҳрванди бонангу номуси миллат бояд ифтихор аз соҳибистиқлоливу сулҳу ваҳдат ва комёбиҳои бузурге намояд, ки ба шарофати ин воқеаи сиёсии фараҳбахш Тоҷикистон аз вартаи нестшавӣ раҳо шуд ва имрӯз ба як кишвари рӯ ба рушд табдил ёфт. Бинобар ин, ҳар як фарди кишварро зарур аст, бо ифтихору шукргузорӣ аз сулҳу салоҳ ва сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаву одилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду ободони кишвар саҳмгузор бошад.
Сипас мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе – Амонуллозода Раҳима Амонулло ба сухан баромада, аз заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пойдории сулҳу ваҳдат ва Истиқлолияти давлатӣ боифтихор суханронӣ намуданд. Амонуллозода Раҳима қайд намуданд, ки Иҷлосияи XVI ‒ уми Шурои Олӣ аз лиҳози моҳияти худ ба Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон баробарарзиш аст. Агар Эъломия давлатеро бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон дошта бошад, пас Иҷлосияи XVI ‒ ум ҳамин давлатро аз фаношавӣ нигоҳ дошта, миллати тоҷикро аз гирдоби нобудӣ берун кашид. Баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ ба заминаҳои мусоиди интихоби роҳбарияти олии сиёсии кишвар ва қабули қонуну санадҳои меъёрии тақдирсоз асос гузошт. Муҳимтарин дастоварди бузурги ин Иҷлосия интихоби фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии ва роҳбари давлати Тоҷикистон ба шумор меравад.
Директори Муассисаи давлатии “Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе” – Давлатзода Сурайё Садулло зимни суханрониҳои хеш зикр намуданд, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон Иҷлосияи XVI ‒ уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи худро ҳамчун рӯйдоди тақдирсоз ва ҳалкунанда касб намудааст. Баргузории Иҷлосияи мазкур – ин оғози давраи нав дар таърихи навини тоҷикон, оғози марҳилаи воқеии расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳу суботи миллӣ ва эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад.
Собиқадорони меҳнат – Узакоева Адолат Ҷурабаевна ва Завқиева Робиямо дар суханрониҳои худ, аз таърихи хунини ҷанги хонумонсӯз ёдрасӣ намуда, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки ба хурофотпарастӣ роҳ надода, шукронаи ин давлату миллат ва фазои сулҳу осоиштаи кишвар намоянд. Собиқадорони меҳнати Тоҷикистон қайд намуданд, ки аввалин, иқдомҳо аз таҳрезии барномаи давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи парокандагию нобудӣ наҷот додани давлату миллат буд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуд, ки ман ҷонибдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам, фаъолияти аввали кории худро аз сулҳ оғоз менамоям, мо дар якҷояги вазъиятро ба эътидол оварем, ба мардуми шарифам муроиҷиат намуда, хоҳиш менамоям, ки ба фиребу найранг дасиссаи гурӯҳҳои мухталиф бовар накунанд, ҷонамро барои якпорчагии давлату миллатам дареғ намедорам. Дар воқеъ Пешвои миллат барои сарҷамъии миллати парокандашуда дар он солҳои мудҳиш талошу заҳматҳои бепоён намуда, имрӯз ин ҳаёти осоиштаро тақдими ин миллати хуштолеъ гардониданд.
Қодирова Озодамо муаллимаи кафедраи фанҳои гуманитарӣ шеърҳои эҷоднамудаи худро дар васфи Пешвои миллат ба самъи иштирокчиёни чорабинӣ расониданд. Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ бо мақсади эҳтиром ба меҳмонон дар арафаи ин ҷашни сиёсии миллат туҳфаҳои хотиромон тақдим карда шуд.

Leave a Comment