Санаи 23 феврали соли 2026 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе” ба муносибати 23 – феврал Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии васеи тантанавӣ баргузор карда шуд.
Дар чорабинӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муродзода Фурқат, полковники қушунҳои зудамали Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷкистон Икромов Қурбон Муродович, афсарону сарбозони бригадаи десантии қушунҳои зудамали 06 – 870 Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият, омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагон иштирок намуданд.
Директори коллеҷ номзади илмҳои техникӣ муҳтарам Рабизода Наҷибулло ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати ин ҷашни таърихӣ ва сиёсии миллат шодбош гуфта, таманнои онро намуданд, ки Тоҷикистони азиз бо шарофати Пешвои муаззами миллат, родмардон – муҳофизони марзу буми кишвар ва тамоми мардуми меҳанпарасти он ҳамеша гул гул шукуфон, Парчами давлатии он дар сатҳи байналмилалӣ партавафшон ва далели пойдории давлати бузурги тоҷикон бошад.
Директори коллеҷ қайд намуданд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси сиёсиву низомӣ ва иқтисодию иҷтимоии мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон таъсис дода шуд. Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми имкониятҳоро барои таъминот бо техникаю таҷҳизот ва фароҳам овардани шароити зарурии хизмат ва ба яке аз пояҳои боэътимоди ҳимоягари кишвар табдил ёфтани он кӯшиш ба харҷ додааст. Маврид ба зикр аст, ки нақш ва мақоми Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар хомӯш намудани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарор кардани сохти давлатдории миллӣ ва ҳокимияти конститутсионӣ, мубориза бар зидди гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор, аз байн бурдани кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат басо бузург аст.
Зимни суханронии хеш намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муродзода Фурқат бобати хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боэҳтиром қайд намуданд, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз муҳимтарин рукнҳои давлатдорӣ, такягоҳи боэътимоди сулҳу субот, ҳимоятгари марзу буми кишвар мебошад, зодаи замони Истиқлолияти давлатӣ буда, аз ҷониби давлату ҳукумати мамлакат ҳамасола баҳри рушд ва мустаҳкам намудани иқтидори он тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Маҳз дастгирию ғамхориҳои ҳамешагии роҳбарияти мамлакат, бахусус дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамчун неруи тавонои дифои кишвар, амнияту дахлнопазирии марзу буми мамлакатро пурра таъмин месозад.
Сипас омӯзгори фани омодагии дифои ҳарбӣ Икромов Қурбон ба сухан баромада бо мақсади ҷалби ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди шароитҳои хизмат ва имтиёзҳои сарбозону афсарону дар шароити кунунӣ ибрози андеша намуданд. Сарбозони бригадаи десантии қушунҳои зудамали Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои ҳарбиро бо маҳорати баланд пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ намуданд. Барномаи фарҳангӣ саропо аз суруду рақсҳои ҷаззоб ба чорабинӣ ҳусни дигарро зам намуданд. Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ аз ҷониби раёсати коллеҷ ба капитани қисми ҳарбии 06 – 870 Орзуҷони Аҳмадшо, омӯзгори фани омодагии дифои ҳарбӣ Икромов Қурбон, мутахассиси пешбар (фарҳангӣ) Одинаев Миралӣ Шарифович ва донишҷӯёну хонандагоне, ки дар мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ иштироки фаъолона доштанд Сипоснома ва Ифтихорнома тақдим карда шуд.