ТАМАНИЁТИ ДИРЕКТОРИ КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ Н.И.Ф., ҲАКИМЗОДА ФАЙЗАЛӢ ИСМАТУЛЛО БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ

Муҳтарам устодон, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёну хонандагони гиромӣ!
Рӯзи Дониш барои ҳар як ҷомеаи соҳибмаърифат ва давлате, ки ояндаи худро дар заминаи илму дониш ва рушди неруи инсонӣ бунёд менамояд, рӯзи муҳим ва фаромӯшнопазир мебошад. Ин рӯз на танҳо оғози соли нави таҳсил, балки оғози марҳалаи нави донишандӯзӣ, ҷустуҷӯ, эҷод, навоварӣ ва худтакмилдиҳии ҳар як омӯзгору донишҷӯ ба шумор меравад.
Рӯзи Дониш моро водор месозад, ки ба масъулияти бузурги худ дар назди ҷомеа ва Ватан бо диди тоза назар намоем. Маҳз дар муҳити таълиму тарбия ҷаҳонбинии ҷавонон ташаккул ёфта, қобилияти эҷодӣ ва зеҳнии онҳо рушд мекунад ва заминаи омодасозии мутахассисони соҳибкасбу соҳибмаърифат фароҳам меояд.
Имсол Рӯзи Дониш ва оғози соли нави таҳсил ба яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихии кишвар 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳанг омадааст. Ин ҳамбастагӣ барои ҳар яки мо дорои маънои амиқи сиёсиву иҷтимоӣ ва маънавӣ мебошад. Зеро маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла илму маориф, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.
Дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ соҳаи таҳсилоти касбӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфта, барои рушди муассисаҳои таълимӣ, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон ва татбиқи технологияҳои муосири таълимӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.
Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, рушди давлат ва ҷомеа бевосита ба сатҳи дониш, маърифат, касбу ҳунар ва ҷаҳонбинии шаҳрвандон вобаста мебошад. Аз ин рӯ, таваҷҷӯҳ ба илму маориф ва тарбияи ҷавонон – ҳамчун сармояи асосии кишвар, яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ба ҳисоб меравад.
Имрӯз дар назди низоми таҳсилоти касбӣ вазифаи муҳим қарор доранд. Рушди босуръати илму техника ва технология, тағйирёбии бозори меҳнат ва талаботи рӯзафзун ба мутахассисони соҳибкасб аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ тақозо менамояд, ки раванди таълиму тарбияро мутобиқ ба талаботи замони муосир ба роҳ монанд.
Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе низ дар ин раванд рисолати муҳимро бар уҳда дорад. Муассисаи мо барои омода намудани мутахассисони соҳибкасб, донишманд, эҷодкор ва дорои малакаҳои муосири касбӣ замина фароҳам оварда, дар тарбияи насли ҷавон саҳми арзанда мегузорад. Муҳандисӣ ва омӯзгорӣ аз ҷумлаи касбҳои муҳим ва созандаи ҷомеа ба шумор мераванд. Мутахассисони муҳандис бо донишу малакаи худ дар рушди истеҳсолот, сохтмон, технология ва соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ саҳм мегузорад. Омӯзгор бошад, бо дониш, таҷриба ва маърифати худ барои ташаккули шахсияти насли наврас ва тарбияи кадрҳои оянда хизмат менамояд.
Дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар яки мо бояд бо меҳнати содиқона, донишомӯзӣ, касбомӯзӣ ва фаъолияти созанда барои рушди Тоҷикистони маҳбуб саҳми арзандаи худро гузорем. Донишҷӯёни мо бояд дарк намоянд, ки ҳар як рӯзи таҳсил қадаме ба сӯи ояндаи шахсӣ ва ояндаи Ватан мебошад.
Муҳтарам устодону омӯзгорон ва ҳамкорони гиромӣ ба ҳамаи Шумо пеш аз ҳама саломатии бардавом , рӯзгори обод, неруи созанда, фаъолияти пурсамар , дастовардҳои нави илмиву таълимӣ ва комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям .
Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ муборак бошад!

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top