Бо мақсади эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихӣ ҷиҳати баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳои коллеҷ санаи 28-уми январи соли 2023 дар саҳни муассисаи таълимӣ чорабинии фарҳангӣ- фароғатӣ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ меҳмонон, кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаи таълимӣ фаъолона иштирок намуданд.
Чорабиниро директори коллеҷ номзади илмҳои техникӣ Рабизода Наҷибулло ҳусни оғоз бахшида, таҷлили ин ҷашни миллиро дар қатори дигар ҷашнҳои миллӣ басо рамзӣ ҳисобида, омўзгорон, кормандон,донишљўён ва дар симои онҳо кулли мардуми шарифи Тољикистонро ба муносибати таҷлили љашни бостонии Сада шодбош гуфта, ба ҳамагон солимї, бурдборї ва файзу баракат дар хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистониро таманно намуданд.
Директори муассиса қайд намудаанд, ки маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон љашни Сада аз нав эҳё гардида, тӯли чанд солест, ки бо як шукӯҳи хоса дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни Сада ин пирӯзии рӯшноӣ ба торикӣ, гармо бар сармо, некӣ бар бадӣ буда, 50 шабонарӯзро то фарорасии Наврӯз дар бар мегирад.
Тибқи барномаи чорабинӣ, ки гузаронидани озмун дар байни факултетҳои коллеҷ маҳсуб меёфт, бо иҷроиши чор шарти асосӣ дар байни дастаҳои Навбаҳор ва Файзбор ба роҳ гузошта шуд. Иштирокчиёни дастаҳо шартҳои озмунро аз ҷумлаи барафрӯхтани оташ, намоиши гӯшаи деҳқон ва намоиши гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ пешниҳоди тамошобинон намуданд. Роҳбарияти коллеҷ ва меҳмонон аз гӯшаи деҳқон ва ҳунарҳои мардумӣ, ки таҷассумгари ҷашни Садаро ифода менамуданд, дидан намуда, ба онҳо баҳои баланд доданд.
Дар охир аз ҷониби аъзои ҳакамон озмун ҷамъбаст гардида, ғолибон бо сипосномаи муассисаи таълимӣ қадрдонӣ гардиданд.