Дар доираи ҳамкориҳои Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ дар курсҳои думоҳаи омӯзишӣ аз 18.04.2022 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст.
Бо фармоиши директори Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе аз 09.12.2022, №247-ИТ ба курси кӯтоҳмуддати думоҳаи касбӣ “Пешхизмат”, 15-нафар дар шаҳри Душанбе ва касбӣ “Пешхизмат”,15-нафар дар шаҳри Норак ба омӯзиш ҷалб карда шудаанд.
Пас аз омӯзиши ду моҳи таҳсил ва аз худ намудани нақша ва барномаҳои таълимии курс имтиҳони хатмро бо муввафақият супориданд.
Шунавандагон пас аз хатми курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ соҳиби “Шаҳодатнома” гардида, метавонанд дар тарбхонаҳо ва ошхонаҳо кору фаъолият намоянд.Мақсади асосии ташкили курси мазкур ин норасоии мутахассисони соҳаи сайёҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад.