Санаи 04.11.2024 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе” бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, ки муқаддасоти ҳар як давлату миллат маҳсуб меёбад, ҷиҳати тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, ки таҷассумгари фарҳангу оини миллати тоҷик мебошад ва тибқи мактуби Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.12.2024, №1/05-1667 зери унвони “ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС – ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК” аксияи тарғиботӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар рафти гузаронидани аксия донишҷӯдухтарон ва бонувону омӯзгорзанон либосҳои гуногуни миллӣ аз қабили атласу адрас, чакану алоча ва амсоли инҳоро бабар намуда, ба ҳусни бонувони тоҷик ҳусни дигарро зам намуданд. Роҳандозӣ намудани тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, ки ба тақвият додани ҳисси баланди ватандӯстӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ заминагузор мебошад зери назорати роҳбарияти муассисаи таълимӣ қарор дорад.
Қобили зикр аст, ки бо мақсади тарғиб ва риояи либоси миллӣ, ки тараннумгари фарҳанги миллат мебошад дар муассисаи таълимӣ ҳар ҳафта аксияи тарғиботӣ зери унвони “ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ” ташкил ва баргузор карда мешавад, ки бонувону донишҷӯдухтарони Коллеҷ навъҳои гуногуни либосҳои миллии тоҷиконаро дар бар менамоянд.

Leave a Comment