Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми марти соли 2021, №АП-52 санаи 18.04.2023 дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бо дастгирии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сарпараст Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷумъа Далер Шофақир майдончаи варзишии замонавӣ ва якчанд биноҳои ёрирасон сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд.
    Дар расми кушодашавии иншоотҳои истифодашаванда вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷумъа Далер Шофақир, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ализода Алишер Ҳикматулло ва директори муассиса муҳтарам Рабизода Наҷибулло ва омӯзгорону донишҷӯён ширкат намуданд.
   Бояд қайд намуд, ки масоҳати майдончаи варзишӣ бо дарозии -30м ва паҳноии-18метр сохта шудааст. Гирду атрофи майдончаи варзишӣ бо фарогирии 165 метри муррабаъ сафолакпӯш карда шуда, ҳамзамон 1000 дона гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст, ки намуди майдончаи варзиширо боз ҳам зебою дилнишин гардонидааст.
   Инчунин дар толори Шӯрои олимони Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе вохӯрии муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ализода Алишер Ҳикматулло бо кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ализода Алишер Ҳикматулло оид ба масъалаҳои тақвият бахшидани корҳои тарбиявӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташкили вохӯриҳо барои донишҷӯён бо иштироки намояндагони мақомотҳои қудратӣ ва намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шомил нашудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, экстремистӣ ва террористӣ, истифодаи самараноки майдончаи варзишӣ дар раванди дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ, гузаронидани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ бо иштироки донишҷӯёну кормандон дастуру супоришҳои мушахас доданд.
   Дар ҷамъбасти вохӯрӣ аз ҷониби муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ализода Алишер Ҳикматулло ба 20 нафар таълимгирандагони Муассисаи давлатии “Маркази таълимии” “Чароғи ҳидоят”, ки аксаран духтарони ятими кулл, нимятим ва камбизоат мебошанд ва қаблан курси кутоҳмуддати омӯзиширо дар Маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосири Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе аз рӯи касби “Барандаи экскурсия” тариқи ройгон хамт намуданд, Шаҳодатномаи хатм ва тӯҳфаҳои хотиравӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд. Ҳамзамон ба 5 нафар донишҷӯёни маъюбӣ Коллеҷ дар арафаи Иди Шарифи Рамазон тӯҳфаҳои идона ва кӯмакпулҳо тақдим карда шуд.

Leave a Comment