Кафедраи методикаи таълими истеҳсолӣ ва фанҳои гуманитарӣ моҳи апрели соли 2021 бо қарори Шӯрои олимони муассиса таъсис дода шудааст. Кафедраи методикаи таълими истеҳсолӣ ва фанҳои гуманитарӣ ҳамчун ҷузъи сохтории муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ мувофиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи муассисаи таълимӣ ва Низомномаи кафедра фаъолият карда истодааст. Кафедра аз муҳимтарин зинаҳои таълимии сохтори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳисоб ёфта, гузаронидани корҳои таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ ба он вобаста аст. |
|
Равиши фаъолияти асосии кафедра аз рӯи як ё якчанд фанҳои ба ҳам наздик ташкилу амалӣ гардонидани чорабиниҳои таълимӣ, илмӣ-методӣ, ѓоявӣ-тарбиявӣ;
Айни ҳол дар кафедра омӯзгорони калон Қурбонов Ф; Райҳонова С.Ҳ; Қосимова С, И; Зенатшоева Ҳ.А; Фирӯзаи А., Асрорва Ш, С; Қулибекзода Х.Н; Саидова Ҷ.Н; Қараев Э.О, Расулов Р.С; кору фаъолият менамоянд ва дар рушди таълиму тарбияи насли наврас ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси ба бозори меҳнат ҷавобгӯ ҳиссагузор мебошанд. |
![]() |
Гулмирзоева Саврибегим Қурбоналиевна Тел:900007894 E-mail:gulmirzoeva savribegim@gmail.com |
|