1-уми феврали соли 2023 ҷаласаи назоратии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи маҷозӣ бо иштироки роҳбарияти аксар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии касбӣ баргузор гадид. Дар баробари дигар муассисаҳои миёнаи умумии касбӣ роҳбарияти Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе дар ин ҷаласа иштирок намуданд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саизода Раҳим Ҳамро баргузории ҷаласаи мазкурро бо роҳбарони сохторҳои мухталифи муассисаҳои таълмӣ муҳим арзёби намуда, баррасии шаш масъаларо дар кори ҷаласа, аз қабили:
1. Фаъолияти комиссияи қабули довталабон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ.
2. Вазъи кушодани кафедраҳои методикаи таълими фанҳо дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар самти омӯзгорӣ ва кушодани кафедраҳои тахассусӣ дар корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ барои самтҳои техникию технологӣ.
3. Мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ ва кадрии муассисаҳо.
4. Омода намудани мутахассисони ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй ва риояи талаботи стандартҳои байналмилалии таҳсилот ва мутобиқ намудани нақшаву барномаҳои таълимӣ.
5. Пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ.
6. Ҷоннок намудани корҳои идеологӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва дар ин замина пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои эктремистию террористӣ, мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд.
Пас аз баррасӣ дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васе роҳбарияти Коллеҷ таҳти роҳбарии директори муассиса сурат гирифта, ба сардорони воҳидҳои сохтории муассиса дар мавриди таҳияи Нақшаи чорабиниҳои бартараф намудани камбудиҳои дар ҷаласа зикршуда супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамзамон оиди таъмини иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои мазкур ва пешниҳоди маълумотнома ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иловатан супориш дода шуд.