Дар толори Шӯрои олимони муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Коллеҷ санаи 07.02.2023 ҷаласаи васеи ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизби “Муҳандис” ташкил ва баргузор гардид. Дар ҷаласа мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоотӣ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Усмонзода Муслим, роҳбарият, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса иштирок намуданд. Рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои ҳисоботи Раиси ташкилоти ибтидоии “Муҳандис”-муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе дар давоми соли 2022, тасдиқи Нақшаи кории ташкилоти ибтидоии “Муҳандис”-барои соли 2023, шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.12.2022. дар бар мегирифт. Нахуст Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳандис” директори Коллеҷ номзади илмҳои техникӣ Рабизода Наҷибулло ба сухан баромада, ҳисоботи худро ба самъи иштирокчиёни ҷаласа расониданд. Дар ин росто зикр намуданд, ки ташкилот фаъолияти худро зери роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Кумитаи иҷроияи шаҳрию ноҳиявии ҳизб, инчунин Оиннома ва Барномаи ҳизб ба роҳ мондааст.       Дар соли 2022, дар заминаи пайгириҳои сиёсати созандаи Пешвои миллат дар муассисаи таълимӣ шурӯъ аз моҳи июли соли 2011 ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳандис” фаъолият менамояд, ки дар он давра ҳамагї 14 нафар кормандони муассиса аъзоёни ташкилотро ташкил медоданд. Айни замон дар ҳайати ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳандис” 161 нафар аъзо мебошанд, ки аз ин шумора 61 нафарро кормандон ва 100 нафари дигарро донишҷӯён ташкил дода, раванди аъзошавӣ ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон давра ба давра дар муассисаи таълимӣ ҷараён дорад. Раиси ташкилот зимни ироаи ҳисоботи худ дарҷ намуданд, ки дар давоми соли 2022 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳандис” як қатор амалҳои некбинона ва созанда ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумлаи бо мақсади дастрасӣ намудан аз ахбороту маълумотҳо оид ба фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикисон дар маъракаи обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Мароми пойтахт” фаъолона иштирок намуданд. Дар арафаи тамоми иду ҷашнҳо аз ҷониби аъзоёни фаъоли ташкилот пайваста чорабиниҳои гуногуни маърифатию ҳуқуқӣ дар доираи ҷашнҳои сиёсию миллӣ ва дигар санаҳои муҳими таърихӣ бо даъвати иштироки намоядагони касбу кори гуногун баргузор карда шуданд. Зимни музокираҳо муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Файзуллоева Дилрабо Назурвалиевна ва декани факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ Раҷабзода Навруз Қадамшо ба сухан баромада, пешниҳодоти худро оиди қобили қабул донистани ҳисоботи Раиси ташкилот Рабизода Наҷибулло иброз намуданд.    Тибқи масъалаи дуюми ҷаласа низ Раиси ташкилот директори Коллеҷ Рабизода Наҷибулло сухан намуда, тарафдории аъзоёни ташкилотро ҷиҳати тасдиқи Нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳандис”, ки иборат аз 23 банд мебошад ба овоз гузоштанд. Раиси ташкилот ҳозиринро бовар кунониданд, ки дар соли ҷорӣ низ фаъолияти ташкилотро хуб ба роҳ гузошта, тамоми дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизбро саривақти амалӣ хоҳанд намуд. Усмонзода Муслим мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе оиди масъалаи сеюми ҷаласа, ки шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.12.2022 маҳсуб меёфт сухан намуданд.       Ҳамаи масъалаҳои дар рӯзнома буда, мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуда, қарорҳои мушаххас қабул карда шуданд.      Дар фарҷом барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоотӣ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Усмонзода Муслим бо “Сипоснома”-и муассисаи таълимӣ, қадрдонӣ карда шуд.

Leave a Comment