Санаи 17.02.2023 дар доираи амалӣ гардонидани ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Нақшаи чорабиниҳои муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ба хотири ободии пойтахти азизамон шаҳри Душанбе дар гирду атроф, синфхонаҳои таълимӣ, устохонаҳои таълими истеҳсолӣ ва хобгоҳи муассисаи таълимӣ ҳашари дастаҷамъона зери шиори “Саҳми ман дар шаҳри ман” ташкил ва баргузор карда шуд. Дар раванди корҳои ободонӣ аҳли коллективи меҳнатӣ ва донишҷӯёни муассисаи таълимӣ фаъолона иштирок намуданд.Ҳамзамон донишҷӯёни Коллеҷ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсӣ бо мақсади тақвият додани ҳисси баланди ватандӯстӣ ва риояи тарбияи тарзи ҳаёти солим ба машқи пагоҳирӯзӣ фаро гирифта шуданд.
Роҳбарияти Коллеҷ раванди мунтазам ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагиро дар муассисаи таълимӣ зери назорати ҷиддии худ қарор дода, ҳар ҳафта ҳашари дастаҷамъона бо иштироки кормандон ва донишҷӯён гузаронида мешавад. Кормандону омӯзгорони муассиса саъй ба он менамоянд, ки ин гӯшаи шаҳри азизамон Душанбе ҳамеша тозаву озода ва ба талаботи шаҳрдорӣ ҷавобгӯй бошад.