Боиси қайд аст, Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ҳамкориро бо коллеҷҳо, донишкадаву донишгоҳҳои хориҷи кишвар ба роҳ мондааст. Дар доираи ҳамкориҳо санаи 01 марти соли 2023 дар доираи баргузории 4-умин конференсияи муштараки байналмилалии сайёҳӣ, меҳмондорӣ ва ҳадафҳои рушди устувор, ки дар шаҳри Ҳайдарободи Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор мегардад, намояндагони Коллеҷ зери роҳбарии директори Коллеҷ сафари корӣ анҷом доданд.
     Намояндагони Коллеҷ санаи 01 марти соли ҷорӣ бо ректори Донишкадаи миллии сайёҳӣ ва идоракунии меҳмондории шаҳри Ҳайдаробод ҷаноби Чиннам Редди мулоқоти судманд анҷом доданд.
   Дар рафти мулоқоти дуҷониба масъалаҳо вобаста ба ташкили чорабиниҳои илмии муштарак, такмили ихтисоси омӯзгорон, таҳқиқоти муштарак ибрози андеша намуда, ҳавасмандии хешро дар самти омода намудани мутахасисони соҳаи сайёҳӣ ҷавобгуй ба бозори меҳнати дохил ва хориҷӣ кишвар ибрози андеша намуданд.
Дар ҷамъбасти вохурӣ ҷиҳати эҳтиром ва қадрдонӣ аз ҷониби намояндагони Коллеҷ туҳфаҳои хотирмон ба роҳбарияти Донишкада супорида шуд.
Сафари кории намояндагони Коллеҷ дар шаҳри Ҳайдарободи Ҷумҳурии Ҳиндустон идома дорад.

Leave a Comment