02 марти соли 2023 дар Коллеҷ муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии шароиту имкониятҳои таҳсил дар Коллеҷ, Рӯзи дарҳои кушод ташкил ва баргузор карда шуд.
    Довталабон ба Коллеҷ ташриф оварда, аз озмоишгоҳҳо, устохонаҳои таълимӣ -истеҳсолӣ, синфхонаҳо ва дигар марказҳои таълимӣ дидан намуда, аз ҷониби масъулин вобаста ба ихтисосҳои амалкунандаи Коллеҷ, шакли таҳсил ва дигар масъалаҳои ба таҳсили оянда алоқаманд маълумотҳои зарурӣ пайдо намуданд.
    Тибқи маълумоти масъулини комиссияи қабули Коллеҷ, асосан дар чорабинии имрӯза хатмкунандагони МТМУ шаҳри Душанбе, Литсейҳои касбӣ техникии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварда буданд. Маъмурияти Коллеҷ тибқи Нақшаи -чорабиниҳо ҷиҳати ҳарчӣ бештари ҷалби довталабон ва муаррифии шароиту имкониятҳои Коллеҷ дар давоми моҳи март Рӯзи дарҳои кушодро мегузаронад.

Leave a Comment