Санаи 02 марти соли 2023 дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон бо ташаббуси Донишкадаи миллии сайёҳӣ ва идоракунии меҳмондории шаҳри Ҳайдаробод конфронси IV-уми муштараки байналмилалии сайёҳӣ, меҳмондорӣ ва ҳадафҳои рушди устувор ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар он директори Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе муҳтарам Рабизода Наҷибулло дар мавзӯи “Имкониятҳои рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо” маъруза намуд.
   Дар кори конфронси мазкур вазири сайёҳии Ҳукумати Ҳиндустон ҷаноби Сри Шанкар Редди низ иштирок ва суханронӣ намуд. Ҳамзамон дар конфронси зерин меҳмонон аз 15 давлати хориҷӣ бо теъдоди 150 нафар иштирок намуданд.
    Дар қисмати дуюми конфронс чорабинии фарҳангии сатҳи баланд доир гардид, ки табъи ҳозиринро болида гардонид.

Leave a Comment