Санаи 03 марти соли 2023 дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ҳайдарободи кишвари Ҳиндустон маъмурияти Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бо маъмуриятӣ Донишкадаи технологии ба номи Ч. Бхаратӣ шаҳри Ҳиндустон созишномаи ҳамкорӣ ба
имзо расонид.
   Бояд қайд намоям, ки дар Донишкада мутахассисон аз руи ихтисосҳои механика, мошинсозӣ, гидравлика, энергетика ва технологияи итилоотӣ омода карда мешаванд. Дар раванди шиносоӣ аз ҷониби масъулини Донишкада барои намояндагони Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе имконияту шароитҳои Донишкада пешниҳод ва муаррифи карда шуданд.

Leave a Comment